Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАХОРИСТОНИХО

ТАХОРИСТОНИХО

ТАХОРИСТОНИХО, номи як халкияти эронинажоди Осиёи Миёна, ки дар Тахористон мезистанд. Авлоди бохтарихо ва яке аз ачдоди точиконанд. Дар бисёр асархои илми сахваи тахористонихоро бо тахориён як донистаанд. Дар асл тахориён кабилахое буданд, ки дар Туркистони Шарки мезистанд ва солхои 140—129 то мелод         ба Осиёи Миёна, аз он чумла, ба Бохтар юриш карда давлати Юнонии Бохтарро бархам доданд. Минбаъд дар Бохтар маскун шуда бо бохтарихо омезиш ёфтаанд. Ахолии асоси дар Бохтар бохтарихо бошанд хам, мамлакат Тахористон ном гирифт.

tijorat-300x200

Дар асоси бозёфтхои археологии аз худуди Тахористон бадастомада антропологхои совети В. В. Гинзбург, Л. В. Ошапин ва дигарон ахолии ин сарзаминро мансуби нажоди европоии брахисефали ва онхоро бо бохтарихою сугдихои аз як гурухи нажоди дониста, авлодоии бевоситаи бохтарихо хисобидаанд. Тадкикоти этнографи низ ин фикрхоро тасдик кардааст.

То вактхои охир факат аз руи катибаи руи танга ва дигар ашёхои маданияти модди олимон забони тахористонихоро аз гурухи забонхои эрони мехисобиданд. Соли 1957 хангоми хафриёти касри Сурхкутал аввалии катибаи калони иборат аз 25 сатр (такрибан мутааллик ба асрхои 1—2 мелоди) ёфт шуд. Ношир ва шорехи катиба шаркшиноси франсавй А. Марик забони онро яке аз лахчахои забони бохтарии кадим шуморида, «этео-тахори», яъне «хакикатан тахори» номид. Мухаккики немис  В. Б. Хеннинг таклиф кардааст, ки хати мазкур хати бохтари номида шавад. Ба акидаи забоншиносон забони бохтари дар давраи то истилои араб забони асосии ахолии Тахористон будааст. Мувофики маълумоти маъхазхои хатти ва топонимикаи баъзе нохияхо дар асрхои 7—8 дар байни тахористонихо  забони форсии дари-точики хам васеъ пахн шуда буд ва дар асрхои 9—10 он забони асосии оммаи тахористонихо гардидааст.

Хати тахористонихо юнониасос буда, дар ахди подшохони Юнонии Бохтар пахн шудааст. Забони юнони ба забони бохтари таъсири амик надошт, вале бо хуруфоти юнони ифода кардани калимахои забони бохтари баъди парокандашавии подшохии Юнонии Бохтар хам дар Тахористон то асрхои 8—9 давом кардааст.

Намунаи хати тахористонихо тавассути навиштачоти руй тангахо, мухри подшохони кушонию хайтоли, пораи хум дафнхо (1951 дар Душанбе ёфт шуд), катибаи сафолпораву деворхои Каротеппа ва дигар осори маданияти моддию маънавие, ки дар худуди Тахористон ва берун аз он ёфт шудаанд, то рузхои мо омада расидааст. Барои тадкики хати тахористонихо катибахои Сурхкутал ахамияти калон доранд. Маълумоти сайёхи  хитои Сюан-Цзан дар бораи аз 25 харф иборат будани хати тахористонихо ва аз чап ба рост хонда шудани он, мухри навиштачоти юнони доштаи хокими Хуталон, ривояти олими арабизабон Самъони дар бораи то истилои араб дар пахнои Вашгирд (Файзободи хозира) ва Кабодиён вучуд доштани алифбои махсус шаходат медиханд, ки хати бохтари дар Тахористон дар асрхои 8—9 хам вучуд доштааст. То пахн шудани хуруфоти араби дар байни тахористонихо (асосан дар байни буддоиён) хати хинди низ мавчуд буд. ки ба хуруфоти санскрит, кхарошти ва брахми асос ёфта буд. Бино ба маълумоти Сюан- Цзан тахористонихо асархои бисёри бадеи доштаанд.

Дар солномахои хитоии «Суйшу» ва «Тайшу» кайд шудааст, ки тахористонихо мардуми машхур буда, иборат аз 100 000 кас кушуни катори доштаанд; дар мухорибахо сипохиёнашон хеле мохирона мочангидаанд. Бино ба ахбори «Таншу» мардхои тахористонихо муйсарашонро тарошида камзулхои шохии пешкушода мепушидаанд, либоси камбагалон аа мокути сафед будааст. Хокими онхо унвони шеху (шох) доштааст.

Саёхи хитои Хок Чао, ки соли 7-26 ба Осиёи Миёна омада буд, дар ёддоштхои худ кайд мекунад, кии тахористонихо хурокхои хамириро бештар дуст дошта, нони танури мехурданд. Либосхояшон аз муина ва газворхои пахтагию абрешими будааст. Мувофики тасвироти руи деворхои Балаликтеппа либосхои ашроф аз матоъхои рангини гулдор иборат будаавд. Аз руи тасвироти баъзе матоъхо абн мегардад, ки пешхизматон бештар либоси аз матоъхои суфтаи одди духташуда мепушидаанд. Накшунигори деворхои Ачинатеппа гувохи медиханд, ки мардхо камзули дароз, камарбанди заррин ва музамахсии бепошна, занхо китфпушаки беостин, аз таги он либоси остинвасеъ ва куртан харири остинтанг дар бар мекардаанд. Занон худро бо гарданбанд, дастпонаю ангуштарин ва гушворахои заррин зиннат медодаанд. Тахористонихо дини ягона надоштанд. Мувофики маълумоти сарчашмахои хатти ва бозёфтхои археологи дар байни тахористонихо буддоия ва зардуштия бештар пахн шуда буданд. Як кисмашон ба монавия ва масехият (насториён) эътикод доштаанд. Тахористонихо ба зироат (загиру пахта, галладона), чорводори ва хунарманди (кулоли, бофандаги, коркарди филизот, заргари, чармгари, шишагари, сангтароши ва гайра) машгул буданд. Тахористонихо бо Хитой, Хиндустон, давлати Рус, Эрон, Византия ва як катор мамлакатхои Шарки Наздик ва Миёна муносибатхои тичорати доштаанд. Бо вучуди тохтутоз ва забткорихои пайдарпаи ачнабиён (Кушониён, Хайтолиён, Хоконии турк, арабхо ва гайра) тахористонихо анъанахои бои давлатдори, хочагидори, ичтимои ва мадании худро махфуз дошта будаанд.

Баъди таъсис ёфтани давлати Сомониён тахористонихо баробари сугдиён, хоразмиёну фаргонагихо ва дигар халкиятхо дар ташаккули халки точик мавкеи калон доштаанд. Нигаред низ Тахористон.

Адабиёт: История таджикского народа, т. 1—2, Москва. 1063—64:    Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972. А. Чалилов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …