«ТАБАКОТ-УС-СУФИЯ» асари Абдуллохи Ансорист. «Табакот-ус-суфия» тарчумаи озоди точикии «Табакот-ус суфия»-и Абдуррахмони Суламист, ки аз руи он Абдуллохи Ансори барои шогирдонаш дарс мегуфт. Дар асар дар бораи мутасаввифони давраи баъди вафоти Сулами ва гуфторхои машоихи суфия низ маълумот дарч шудааст. Дар кисми илова маколае бо номи «Фасл дар маърифат ва тавхид» омадааст, ки дар он муаллиф рочеъ ба назарияи маърифати тасаввуф маълумот дода, роху усули дарки маърифати илохиро баён кардааст.
Чор нусхаи дастнависи «Табакот-ус-суфия» маълум аст, ки се нусхаи он дар китобхонаи Туркия ва як нусхааш дар Калкатта махфуз аст. И. Зиёев.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.