ТАБАКА (араби — гурух, яккисми мардум), як гурухи ичтимоии одамон аст, ки аз чихати мавкеъхои иктисоди ва хукукии худ фарк мекунанд. Асосан хоси сохти гуломдори ва феодалист. Тафовутхои табакави, ки худ яке аз шаклхои фаркиятхои синфи мебошанд, боиси ба синфхо таксим шуданн чамъият мегарданд (нигаред Ленин В. И. Асархо, чилди 2, сахифаи 498). Анъанаю одатхои табака меросианд. Дар чамъиятхои гуломдори ва феодали (Юнон ва Рим) хокимияти давлати фаркиятхои синфии ахоли, маком, хукук ва ухдадорихои хар кадом табакаро ба хукми конун дароварда буд.
Ба табакахо таксим шудани ахоли натичаи таксимоти синфи бошад хам, онхо комилан як набуданд. Масалан, дар Рими Кадим, бо вучуди ба патрисий ва плебейхо таксим шуданитабакахо, аа руи дорои боз ба чандин тоифахо чудо мешуданд. Дар Европаи феодали рухониён ва дворянхо табакаи болои хисоб шуда, онхо нисбат ба табакаи паст (савдогарон, хунармандон, дехконон) имтиёзхои калон доштанд.
Дар Осиёи Миёнаи феодалитабакахо аз хочаю саидхо, савдогару хунармандон иборат буданд. Дар баъзе мамлакатхои Шарк табакахо аз руи касб ва фаркияти этники дар шакли каста вучуд доштанд. Пайдоиш ва инкишофи муносибатхои капилалисти боиси таназзули табакахо гардид.