Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Суруди «ШУРИШИ ВОСЕЪ»

Суруди «ШУРИШИ ВОСЕЪ»

«ШУРИШИ ВОСЕЪ», суруди таърихест, ки ба шуриши Восеъ бахшида шудааст. Он аз 318 мисраъ ё аз 100 банди семисраию чахормисраи таркиб ёфтааст. Хар банд ба сари худ мустакил буда, ба гояи умумии асар мувофикат менамояд. Аксар чои бандхо устувор нестанд ва хангоми сурудан вобаста ба хотири гуянда тагйир меёбанд. Дар «Ш. В.» сабабхои ичтимоии cap задани шуриши халк ва муборизаи дехконон бар зидди зулму истисмори хокимони махалли ва гумоштагони амири Бухоро тасвир ёфтааст. Кахрамони асосии «Ш. В.» Восеъ аст. Халк дар бораи диловарию корнамоихои ин марди шучоъ бо мухаббату эхтироми беандоза сухан рондааст. Восеъ дар назари хонанда хамчун шахси далеру хакикатталаб, халкпарвару хайрхох ва душмани ашаддии зулму золими намоён мегардад:

Восеъ даромад дар майдон.

Монанди шери биёбон,

Хонаи мира карда вайрон.

 

Восеъ марди майдонай.

Замину замон ларзонай

Беку кози хайронай.

«Ш. В.» ягона суруди нисбатан мукаммали таърихи буда, дар эчодиёти даханакии халки точик мавкеи махсус дорад. Намунахо аз «Ш. В.» зери сарлавхаи «Таронахои халк дар хусуси Восеъ» дар аввалин мачм. «Адабиёти даханаки» (1934) дарч гардида буд. С. 1941 Л. Бузургзода ва Р. Чалилов мачм. «Инъикоси шуриши Восеъ дар фольклор»-ро ба табъ расонданд, ки он сад банди ин суруд ва силсилаи хотироти иштирокчиёни шуришро дар бар мегирад. Образи Восеъ дар эчодиёти гуяндагони халки ва шоиру нависандагони точик А. Фитрат, М. Турсунзода ва А. Дехоти, С. Улугзода, Бобоюнус Худойдодзода инъикос шудааст. М. Каноат, Г. Мирзо, Б. Расо, М. Шерали, Зулфия ва диг. дар васфи у шеърхо гуфтаанд.

Ад.: АсрориВ., Амонов Р.. Эчодиёти даханакии халки точик, Д., 1980; Восеъома, Д., 1985.

В. Шермухаммадов, Ф. Эехниева.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …