Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ТУРСУНЗОДА

Шахри ТУРСУНЗОДА

ТУРСУНЗОДА (то 17. 2. 1978— Регар), шахри тобеи республика, маркази маъмурии раёни Турсунзода. Санаи ташкилаш 7 декабри 1952. 57 км гарбтар аз шахри Душанбе, дар водии Хисор вокеъ гаштааст. Стансияи рохи охан (Регар). Ахолиаш 27 хазор нафар (1976)

tursunzodaШ
Сохахои саноаташ; металлургияи ранга (Заводи алюминийи Точикистон), тахвили металл (заводи асбобхои бинокори), хуроквори (заводи нон) ва саноати сабук (заводи пахтатозакуни). Соли 1981 навбати якум ва дуюми заводи чини ба истифода дода шуд. Дар Турсунзода пункти кабули галла, управления махсуси сохтмон (бинохои саноати ва истикомати), управленияи сохтмону монтажкуни, управленияи «Алюминстрой», идораи ба истифодадихии рох, автобаза, шуъбаи районии «Точикселхозтехника», комбинатхои хизмати маиши ва муассисахои коммунали мавчуданд.
6 мактаби миёна, 1 мактаби 8-сола, мактаб-интернат, мактаби мусики ва мактаби рассоми, 2 хонаи пионерон, мактаби спорти, комбинати байнимактабии таълимию истехсолии тарбияи мехнати ва касбинтихобкунии хонандагон, хонаи бачагон, 2 касалхона, 3 дорухона ва стансияи санитарию эпидемиологи хаст. Муаасисахои маданию маърифатии шахр: хонаи маданият, 5 кинотеатр, 3 клуб, 2 театри халки, 4 китобхонаи оммави (аз чумла 1 китобховаи бачагона), боги маданият ва истирохат, боги пионерон ва стадиони бачагона. Солхои охир Турсунзода хеле ободу васеъ гардида, дар он микрорайонхаи 1, 2, 3, 4 ва 5-ум пайдо шуданд. Соли 1981 ба муносибати 70-солагии таваллуди Мирзо Турсунаода дар маркази шахр мучассамаи шоир гузошта шуд. Дар наздикии шахр макбараи Хоча Накшрон (асрхои 10—11) вокеъ аст. З. Абвурахимов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …