СТОКГОЛМ (stokholm), пойтахти Швеция, бандар дар сохили бахри Балтика. Ахолиаш 630 хазор нафар (1985). Сохахои асосии саноаташ: мошинсози (радиотехника ва радиоэлектроника), полиграфия, саноати сабук, хуросквори, дорусози ва химия. Аэропорти байналхалки (Арланда) ва дохили (Бромма), инчунин метрополитен дорад. Дар Стокголм университет, мактабхои оли, институтхои тадкикоти илми, Академияи Фанхои шохии Швеция ва дигар академияхо, расадхона, зиёда аз 10 музей, китобхонахо, бештар аз 25 театр, залхои концерти мавчуданд. Аз ёдгорихои меъмори калисохои Сторчюрка ва Риддархолмсчюрка (асри 13), Касри Дротнинхолм (аз 1662), Касри шох (1697—1760) ва гайра боки мондаанд.
Стокголм соли 1252 бунёд ёфтааст, аз охири асри 13— шахр. Соли 1906 дар Стокголм Съезди 4-уми РСДРП барпо гардид.