Палмира (юн. Раlmyra — аз орои, Тадмор), шахри кадимае дар шимоли шахри Сурия (наздикии шахри Тадмори хозира), маркази калони тичорати ва хунарманди. Маълумоти кадимтарин доир ба Палмира ба нимаи якуми хазораи 2 то мелод мансуб аст. Дар охири хазораи 2 то мелод Палмираро ошуриён хароб карданд, вале асри 10 то мелод шохи Исроил Соломон онро аз нав баркарор намуд.
Дар асрхои 1—3 мелод Палмира, ки алокахои тичоратии он бо шахрхои Байнаннахрайни Чануби, Скифия, Осиёи Миёна, Арабистони Чануби мустахкам гардид, басо нашъунамо ёфт. Палмира дар хайати музофоти Сурия, ки онро соли 64 то мелод римиён бунёд карда буданд, мухторият дошт. Солхои 60 асри 3 мелод мустакил гардид. Завча ва вориси Одинат малика Зиновия (Бат-Заббай) солхои 266—272 зидди Рим шуриш карда, тамоми Осиёи Пешу Мисрро ба даст овард. Вале соли 272 лашкари у аз тарафи императори Рим Аврелиан торумор карда шуд. Соли 273 Палмираро римиён хароб карданд.
Ансамблхои меъмории Палмира бо хашамат ва дабдабаноки, бо мукассамахои серанумору накшунигораш чолиби диккат буданд. Аз соли 1900 хафриёти архоологи мунтазам давом дорад; кисми димнаи шахри кадима бо кучачои росту каторсутунхояш кушода шуд. Ёдгорихои меъмори: токи азими серавока бо «Каторсутунхои калон»-и сари кучаи маркази (асри 2—3), ибодатгохи Бела (асри 1), агора, театр (асри 3), маъбадчаи росткунчаи Баалшамин (асри 2), кисми девори шахр (нимаи дуюми асри 3; миёнаи аси 6 аз нав баркарор карда шудааст); «Маъбади ливо» дар шимолу гарб (охири асри 3—аввали асри 4). Мучассамахо, накшхои барчаста ва хотамкорихои сершумор ёфт шудаанд.