Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Осака

Шахри Осака

Осака, шахрест дар Япония, мар­кази маъмурии префектураи Осака (Осака-фу). Дар хамвории наздисохилии халичи Хонсю (бахри Дохилии Япон) ва делтаи дарёи Йодо вокеъ аст. Ахоли­аш 2780 хазор нафар (1975).

Осака баъди Токио дуюмин шахри аз чихати иктисоди мухими мамлакат аст. Бандари калони бахри, узели мухими рохи охан ва роххои автомобилгард. Аэропорташ ахамияти байналхалки дорад. Маркази мухими молия ва савдои Япония. Дар Осака биржахои шоли, пахта, палатахои савдою саноат, правленияи чамъияти аксионе­рон, инчунин шуъбахои банкхои калонтарини коммерсионии мамлакат вокеанд.

Дар шахр зиёда аа 30 хазор корхонахои саноати муттахид карда щудаанд. 15%-и гудозиши пулод, 40%прокат ва 1/3 хиссаи махсулоти аз металлхои ранга тайёр кардаи мамлакат ба Осака рост меояд. Солхои 1960—70 дар Осака саноати вазнин бехтар таракки кард. Махсусан саноати мошинсози (киштисози, мошинсозии энергетики, асбобу дастгохсози, тачхизоти радиотехники) ривоч ёфт.

Сохахои дигари саноаташ: хи­мия (масолехи резкий, синтези, ло­ку ранг, дору), бофандаги (матоъхои муина, пахтагин ва трикотажи), полиграфи, чарму пойафзол, хуроквори (консерви мохи, орд, канд ва гайра), семент, шишаю сафол, чубгари ва гайра. Дар Осака чандин боги истирохат ва метрополитен (аз 1933) хаст. Университет ва дигар мактабхои оли, музей, пла­нетарий дорад. Соли 1970 Осака намоишгохи байналхалкии «Экспо-70* буд. Аз ёдгорихои меъмории асрхои миё­на маъбадхои Ситеннодзи (асри 6) ва Теммангу (асри 10), калъаи Осака (1586) боки мондаанд.

Осака бори аввал дар дастхатхои асрхои 4—7 номбар шудааст. Номи пешта- рааш Нанива; аз асри 15 — Осака. Солхои 1583—86 хокими хамонвактаи Япо­ния Хидэёси Тоётоми дар Осака калъа сохта, онро ба кароргохи худ табдил дод. Дере нагузашта Осака шахри калон ва маркази савдои мамлакат гардид. Аз аввал асри 20 яке аз марказхои харакати коргарии Япония.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …