Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Орчоникидзеобод

Шахри Орчоникидзеобод

Орчоникидзеобод, шахр, маркази маъмурии райони Орчоникидзеободи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Точикистон. 21 километр шарктар аз шахри Душанбе, дар содили чапи дарёи Кофарнихон вокеъ гаштааст. Ахолиаш 30,6 хазор нафар (1976). Пункти охирини рохи охан (стансияи рохи охани Янгибозор). Инчунин аз Орчоникидзеобод роххои мошингарди Душанбе — Комсомолобод — Гарм — Чиргатол, Душанбе — Хоруг, Душанбе — Ёвон, Душанбе — Норак ва Душанбе — Кулоб мегузаранд. Орчоникидзеобод аз сатхи бахр 800—820 метр баланд аст. Харорати миёвнаи июл 28°Селсия, январ 1° Селсия; боришоти солона 630 миллиметр.

Орчоникидзеобод яке аз шахрхои чавон мебошад, ки саноаташ босуръат таракки мекунад. Дар шахр заводхои пахтатозакуни, механики (кисмхои эдтиёти барои заводхои пахтатозакуни), таъмири механизмхо (таъмири экскаватор, мошинхои боркаш ва гайра), маснуоти металли (зарфхои алюмини барои рузгор), карамзит, хишт, асфалт, комбинатхои ордкаши, хонасози, хизмати маиши, фабрикаи мебел, заводи нон мавчуданд. Автовокзал сохта шудааст.

Орчоникидзеобод техникуми статистики, омузишгоххои тибби, касбхои техники, 9 макта­би миёна, 3 мактаби 8-сола, мактаби мусики, хонаи маданият, 3 китобхона, 11 клуб ва 7 кинотеатр дорад. Дар боги маданият ва истирохати шахр мучассамаи ду карат Кахрамони Мехнати Сотсиалисти К. Исмоилов ва барои абади гардонидани хотираи 7 нафар комсомолони дар чанги зидди босмачиён халокгардида (январи 1923) хайкали ёдгор гузошта шудааст.

28 декабри 1937 дехаи Янгибозор ба посёлкаи типи шахрии Орчоникидзе- обод ва 3 июли 1965 ба шахри Орчоникидзеобод таб­дил дода шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …