Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Омск

Шахри Омск

Омск, шахр, маркази вилояти Омски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалисти Россия. Дар назди андароби дарёхои Ом ва Иртиш вокеъ гардидааст. Бандари калони дарёи Иртиш ва узели рохи охан дар магистрали Транссибир. Аэропорт дорад. Ахолиаш 1014 хазор нафар (1979). Аз чихати шумораи ахоли ва масохат Омск (баъд аз Ново­сибирск) шахри дуюми Сибир аст.

Дар солхои сохтмони сотсиалисти Омск ба калонтарин маркази саноатии Сибир табдил ёфт. Сохахои асосии саноат: мошинсози, истехсоли махсулоти нефт, химия, инчунин саноати сабук ва хуроквори. 3аводхо моторхои гуногун, кисмхои трактору автомобил, мошинхои хочагии кишлок, асбобхои электри, барои саноати сабук ва хуроквори тачхизот истехсол меку­нанд. Оид ба сохаи химия низ корхонахои мошинсози махсус гардонида шудаанд. Комбинати  калони коркарди нефт мавчуд аст.

Саноати химияро заводхои шина, каучуки синтези, хи­мия, .маснуоти дудаю резини техни­ки ташкил медиханд; дар асоси ис­техсоли махсулоти нефт сохаи нефту химия инктишоф меёбад. 3-ддои таъмири кшптй, чубгарй ва аппара­турам газ низ мавчуданд. Саноати сабук (чармгари, корхонахои бофандаги, пойафзолдузи, фабркахои дузандаги, мохут, мебел, колинбофи), хуроквори (комбинатхои гушт, орд ва гайра) ва саноати масолехи бинокори (заводхои хишт ва маснуоти охану бетони) ривоч ёфтааст.

Омск 4 стансияи электри дорад. То соли 1973 бинохои нави шахр бештар дар сохили рости дарёи Иртиш сохта мешуданд. Мувофики плани генерали обод намудани сохили чапи дарёи Иртиш пешбини шудааст. Дар Омск аз бинодхои мухташами пешазреволютсиони театри драма (1901—05), хонаи комичроияи вилояти (1914—17), аз бинохои замони хозира Хонаи маданиятн нефтчиён (1960—62), вокзали дарёи (1961— 63), зали киноконсерти (1965—67), театри ‘тамошобини чавон сохта шу­даанд.

Дар шахр 9 мактаби оли (Университети Омск, институтхои тибби, хочагии кишлок, политехники, ветеринари, педагоги, тарбияи чисмони ва гайра), 29 мактаби миёнаи махсус, институтхои тадкикоти илми (аз чумла Институти тадкикоти илмии хочагии кишлоки Сибир); 4 театр (драма, мазхакаи мусики, театри тамошобини чавон ва лухтак), 2 музеи кишваршиноси ва санъати тасвири мавчуданд.

Омск соли 1716 хамчун калъа бунёд ёфтааст. Аз соли 1782 — шахр. Аз соли 1934 Омск маркази вилоят гардид. Шахр бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (1971). Омск— зодгохи В. В. Куйбышев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …