Новомосковск (то соли 1934-Б о б р и к и, аз соли 1934 то 1961 — Сталиногорск), шахрест дар вилояти Тулаи РСФСР. Дар территорияи хавзаи ангишти назди Москва вокеъ гаштааст. Стансияи рохи охан. Ахолиаш 147 хазор нафар (1979). Новомосковск маркази калони саноати химияи СССР мебошад. Иттиходияи истехсолии «Азот», комбинати молхои химияви, заводхои синтези органики ва «Полимерконтейнер», корхонахои саноати ангишт, хуроквори ва сабук, ГРЭС дорад.
Дар асоси ашёи хоми махалли комбинати гач, заводи шамот ва дигар заводхо кор мекунанд. Институтхои тадкикоти илми ва лоихакашии саноати ангишт ва мошинхои кон ва гайра, филиалхои Институти давлатии саноати нитроген ва Институти химияю технологии Москва, 3 техникум, омузишгоххои тибби ва мусики, театри драма ва музеи таърихи шахр мавчуданд. Новомосковск соли 1929 ба муносибати cap шудани сохтмони комбинати химияви ва ГРЭС бунёд ёфта, аз соли 1930 — шахр. Новомосковск бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (14 январ 1971).