Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Николаев

Шахри Николаев

Николаев шахр, маркази вилояти Николаеви РССУ. Дар сохили чапи лимани Буги бахри Сиёх, дар назди андароби дарёхои Буги Чануби ва Ингул вокеъ гаштааст. Бандари бахри ва дарёи, узели рохи охан Аэропорт до­рад. Ахолиаш 441 хазор нафар (1979). Николаев яке аз марказхои калони саноати ва мадани дар чануби Украина. Мухимтарин сохаи саноаташ — мошинсози (хусусан киштисози).

3аводхои киштисози, тачрибавии электрогид­равлика, тачхизоти мошинхои борбардору наклиёти, асбобхои челонгарию монтажкуни, «Дормашина» дорад. Саноати сабук (иттиходияхои трикотажию дузандаги, фабрикаи пойафзол, комбинати атриёту шиша), хуроквори (комбинатхои гушт, орд, нон, фабрикаи канноди, заводхои пивопази ва гайра), масолехи бинокори, мебел таракки кардааст. Дар Николаев институтхои киштисози, пе­дагоги, факултети инженерони сохтмони Институти инженерони сохтмонн Одес­са, факултети маданию маърифатии Ин­ститути маданияти Киев, 9 мактаби миёнаи махсус (техникумхои киштисози, сохтмон, наклиёти рохи охан, хочагии кишлок ва гайра) мавчуданд.

Музейхои кишваршиноси ва бадей, 3 театр (драмаи мусикии украини, драмаи руси, лухтак), фи­лармония дорад. Расадхонаи астро­номии Николаев (шуъбаи Расадхо­наи калони астрономии АФ СССР), маркази телевизион кор мекунад. Ёдгорихои меъмориаш: калисои Ни­колаев (1817), Хонаи офитсерони флот (1820), расадхона (1827), комплекси ёдгори ба шарафи 68 нафар десантчиёни кахрамон, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) барои озод кардани шахри Николаев халок гардидаанд ва гайра. Николаев соли 1784 хамчун исистехком бунёд ёфтааст, аз 1789 — шахр. Николаев бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст. (1970).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …