Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри КАШКАР

Шахри КАШКАР

КАШКАР, Кошгар, Кожгар, Коши, шахрест дар кисми гарбии Хитой, дар Райони Автономии Уйгурхои Синьцзян. Дар сохили д. Кашкар, дар маркази водии калони назди доманаи чанубии куххои Тиёншон чойгир шудааст. Ахолиаш 200 хаз. наф. (1976). Корхонахои мошипсозии х. к бофандаги, ордкати, кулоли ва ГЭС дорад. Косиби ривоч ёфтааст. Аз ёдгорихои меъмориаш макбараи Хазрати Офок (а. 18) боки мондааст. Дар бораи шахр хануз дар маъхазхои то м. маълумотхои нахустин дода шудаанд. дар а.1 К. пойтахти хонии хурде буд. Сонитар ба хайати давлати гуннхо, Кушониён, Хайтолиён, Хоконии Турк (а-хои 6—7), Хоконии Уйгур a-хои 7—9) дохил шуд. Дар а-хои 10—12 пойтахти давлати Карахониён буд. Дар ин давраК. ба маркази сиёси ва мадании Туркистони Шарки табдил ёфт. Шахри хозираи К. дар замони хукмронии Абубакр Дуглат (1480— 1514) аз нав сохта шудааст. Дар давраи хонии Ерканд ва чунгархо пой-тахт ба ш. Ерканд кучид. С. 1878, баъди аз тарафи манчурхою хитоихо забт шудани Туркистони Шарки К. аз нав маркази маъмури ва мадани карор ёфт.

kashgar

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …