Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри ХИРОСИМА

Шахри ХИРОСИМА

ХИРОСИМА, шахрест дар Япония, дар кисми чанубу гарбии чазираи Хонсю. Бандар дар делтаи дарёи Ота: Маркази маъмури префектураи Хиросима, Ахолиаш 852 хазор нафар (1977). Маркази мухимми наклиёт, саноат ва маданият. Корхонахои саноати мошинсози (киштисози, дастгоху асбобсози), харби, резинхои техники, чубгари, когаз, бофандаги дорад. Университет хаст.

6712921

Шахр дар атрофи калъаи князи феодалии Мори, ки соли 1591 сохта шуда буд, бунёд гаштааст. 6 августи 1945 ШМА бе ягон зарурати харби ба Xиросима якумин бомбаи атомиро партофт, ки дар натича кисми зиёди шахр хароб гардида, беш аз 140 хазор одам халок ва ярадор шуд. Дар Xиросима аз соли 1959 ин чониб борхо конференсияхои байналхалкии муборизони зидди яроки ядрои барпо гардиданд. Азнавсозин Xиросима аз солхои 50 сар шуда, босуръат давом дорад; кисми навбунёди шахр намунаи пешкадами шахрсозии Япония аст. Маркази ёдгории Сулх мухимтарин осори меъмории муосири Xиросима ба шумор меравад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …