Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СЪЕЗДХОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДХОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДХОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН Съезди 1- ум17-уми июни 1017 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 43 вакил иштирок дошт. Рузнамаи съезд: Маърузахои ташкилотхои махаллии партия; Дар бораи кори партиявии байни пролетариати мусулмон; Масъалахои ташкили. Вакилон дар бораи вазъияти ташкилотхои партия, мустахкам шудани сафхои болшевикон ва пуркувват гардидани алока ба омма ахборот доданд. Дар карори съезд «Дар бораи кори партияви дар байни пролетариати мусулмон» кайд карда шуд, ки Хукумати Совети мухофизи ягонаи манфиатхои синфни пролетариати захматкаши мусулмон мебошад. Съезд ба чараёнхои меншевики дар партия хотима дода, ташкилоти болшевикии Туркистонро муттахид намуд ва Партияи Коммунистии Точикистон Туркистонро кисми таркибии РКП(б) донист. Съезд органхои рохбарнкунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

1-sezdi-turkiston

Съезди 2-юм 17—29 декабр 1918 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 180 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Хисоботи Комитети Марказии (муваккати)-и Партияи Коммунистии Туркистон ва фракцияи КИМ; Дар бораи вазъияти чори, кори партияви дар марказ ва махалхо; Дар бораи муносибат ба иттифокхои касаба; Дар бораи муносибат ба партияхои дигар; Дар бораи Конституцияи РАОС Туркистон ва гайра.

Съезд натичаи фаъолияти ташкилоти партиявиро дар байни съеэдхои 1-ум ва 2-юми Партияи коммунисти чамъбаст намуд. Съезд фаъолияти чудоиандозии гурухи фракционии «коммунистони кухансол»-ро махкум кард.

Съезд карор кард, ки Комитети Марказии Комитети кишварии партия номида шавад. «Устави ташкилоти кишварии туркистонии Партияи Коммунистии Россия» кабул карда шуд. Съезд органхои рохбарикунандаи –Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд:

Съезди 3-юм 1—16 июни 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 213 вакил бо овози халкунанда ва 45 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Дар бораи вазъияти чори; Хисоботл Комитети кишвари ва маърузахои ташкилоти махалхо; Сиёсати РКП(б) дар дехоти Туркистон; Сохтмони совети; Кори сиёси дар Армияи Сурх; Кори мадани-маърифатии партия; Ташкил намудани секцияхои милли; Интихоби Камитети кишвари.

Съезд дар асоси карорхои Съезди8-уми РКП(б) вазифахои конкретии сохтмони хочагиро муайян кард: муттахид намудани тамоми фаъолияти хочаги дар плани ягонаи умумии давлати; дар зери рохбарии Советхои хочагии халк аз руи план ташкил намудани фаъолияти корхонахои саноати; баланд бардоштани хосилнокии мехнат, сарфакорона истнфода бурдани воситахои модди ва гайра.

Дар Съезд масъалаи кори сиёсии байни сафхои Армияи Сурх мухокима карца шуд. Съезд мувофики карорхои Съезди 8-уми РКП(б) зарурати ба охир расондани кори ташкили армияи низомиро кайд карда; харчи зудтар бархам додани хама гуна зухуроти партизанчиги ва беинтизомиро талаб намуд. Съезд дар бораи ташкил намудани кори мадатнию маърифати дар партня ва дар байни оммаи мехнаткаш карор кабул кард. Мувофики он дар назди Комитети кишварии партия шуъбаи махсуси маданию маърифати барпо карда мешуд, ки он ба мактабхои маорифи партияви, курсхо ва гайра рохбари мекард. Съезд органхои рохбарижуяандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 4-ум (фавкулода) 12 сентябр—6 октябр 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 173 вакил бо овози халкунанда ва 88 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд:                                     Маърузаи

Комитети кпшварии партия; Мухокимаи радиограммаи КМ РКП(б); Сиёсати аграри; Маърузаи Комиссияи назорату тафтишот оид ба муносибати байни Комитети Марказии Туркистон ва Комитети кишварии партия. Съезд дар вазъияти муборизаи пуршиддати зидди шовинизми абардавлати ва майлони миллатчиёни махалли мегузашт.

Дар резолюцияи оид ба маърузаихисоботи кайд карда мешуд, ки Комитети кишварии партия баъзе корхои мухими Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Точикистонро ичро накард, ба коркунони рохбарикунандаи хукумати республика таъсири зарури расонда натавонист, кори партиявиро дар дехот дуруст ба рох намонд.

Съезд органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб кард.

Съезди 5-ум 12—18 сентябри 1920 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 148 вакил бо овози халкунанда ва 7 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Дар бораи вазъияти чори: Вазифахои партия: Хисоботи Комитети Марказии (муваккати)-и Партияи Коммунистии Точикистон; Хисоботи вакилони Туркистон дар Съезди халкхои Шаркдар Боку; Интихоби органхои рохбарикунандаиПартияи Коммунистии Туркистон.

Съезд рохи сиёсии Комитети Марказии  РКП(б), Хукумати РСФСР ва Комиссияи Туркистонро комилан маъкул донист. Съезд дар резолюция «Дар бораи вазифахои Партияи Коммунистии Туркистон» дар бобати мусодираи заминхои зиёдатии мухочирон, мусодираи чорвои зиёдатии бойхо ва ба дехконони камбагал таксим карда додани онхо чарахои амали андешид.

Съезд программаи инкишофи маорифи халки республикаро муайян намуда, карори Комитети Марказии РКП(б)-ро дар бораи таксимоти кадрхои партияви якдилона маъкул донист.

Съезд органи рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

А. Содиров, Ш. Чалилов.

Съезди 6-ум 11—20 августи 1921 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 344 вакил бо овози халкунанда ва 61 вакил бо овози машваратииштирок доштанд. Рузномаи съезд: Хисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Хисоботи Комиссияи марказии назорат; Масъалахои сиёсати хочаги ва саноати косиби; Ислохоти замин; Андози озука ва кооперация; Масъалаи Фаргона; Кори байни иттифокхои касабаи мусулмонон; Интихоби органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистон.

Съезд ба ислохоти обу замин, ки соли 1921 гузаронда шуд, бахои баланд дода, кайд намуд, ки ислохоти обу замин ба ташкилоти оммавии мехнаткашон (колхозу совхозхо) тахкурси шуда, Хокимияти Советиро дар Туркистон мустахкам кард. Съезд масъалаи ба амал татбик намудани директивахои Съезди 10-уми РКП(б) ва декретхои Хукумати Советиро дар бораи гузаштан ба андози озука мухокима намуда, натичахои аввалаш корхои органхои озукаро чамъбаст кард ва ахамияти бузурги инкишофи намудхои гуногуникооперацияронишондод. Съездорганхоирохбарикунандаи Партияи КоммунистииТуркистонроинтихобнамуд.

Съезди 7-ум 11—16 марти 1923 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 174 вакил бо овози халкунанда ва 16 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Маърузаи хисоботи дар бораи кори Комитети Марказии РКП(б) ва фаъолияти Бюрои осиёмиёнагии Комитети Марказии РКП(б); Хисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Хисоботи Комиссияи марказии назорати Партияи Коммунистии Точикистон Туркистон, Сохтмони ташкилоти партия; Корхои тарбияви ва корхои байни чавонон; Интихоби органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Точикистон Туркистон. Съезд хисоботро дар бораи кори Комитети Марказии РКП(б) ва Фаъолияти Бюрои осиёмиёнагии Комитети Марказии РКП(б) мухокима намуда, кайд кард, ки кори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон асосан ба амали гардондани карорхои Съезди 11-уми партия равона гардида, дар ин рох муваффакиятхои калон ба даст оварда шудаанд, Съезд вазъияти иктисоди ва сиёсии Туркистонро тахлил намуда, афзудани мукобилати унсурони бегонаи синфиро кайд кард. Дар революцияхо ба руи хисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон ва карори «Дар бораи чорабинихои наздиктарини хочаги» роххои асосии баркароркуни ва инкишофи минбаъдаи хочагии халки Туркистон нишон дода шуданд.

Съезд дар карори худ «Дар бораи кори байни бепартиавиён» натичахои фаъолияти Партияи Коммунистии Туркистонро дар байни оммахои васеи коргару дехкон чамъбаст кард. Съезд дар бобати бехтар намудани кори ташкилии партия тадбирхои зарури андешид. Советхои дехот, иттифоки «Кушчи» ва кооперация шаклхои асосии хаёти чамъиятню сиёсии дехот дониста шуданд. Съезд органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

Ф. Зикриёев, Р. Шарифов.

Съезди 8-ум 4—9 майи 1924 дар Тошкент барпо гардид, Дар он 266 вакил бо овози халкунанда ва 72 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Дар бораи фаъолияти Комитети Марказии РКП(б); Дар бораи фаъолияти Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии РКП(б); Хисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Маърузаи Комиссияи тафтишот; Маърузаи Комиссияи марказии назорати ПК Туркистон; Маъруза дар бораи сохтмони партияви; Маъруза дар бораи сохтмони иктисоди; Маъруза дар бораи кори байни чавонон; Интихоби органхои рохбарикунадаи Партияи Коммунистии Туркистон.

Яке аз мачлисхои съезд ба хотираи В. И. Ленин бахшида шуд. Съезд рохи сиёсии Комитети Марказии РКП(б) ва Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии РКП(б)- ро дуруст хисобида, фаъолияти онхоро маъкул донист. Ба Комитети Маркази супурда шуд, ки кори тарбияи сиёсии омма ва коммунистон пурзур карда шавад. Съезд карор намуд; ки кадрхои пурзури пропагандисти тайёр ва ленинизм бо рохи тарчумаи асархои В. И. Ленин харчониба пропаганда карда шавад.

Съезд карори пленуми Комитети Марказии РКП (б)- ро дар бораи савдои давлати ва кооперация маъкул дониста, карори Съёзди 12-умиСоветхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркистонро доир ба масъалахои хочаги тасдик намуд.

Съезд органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Точикистон Туркистон ва вакилони Съезди 13-уми РКП (б)-ро интихоб намуд.

Л. Фузайлов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …