ШУЪБАИ ЗАНОН, ташкилоти махсусест дар назди комитетхои партияви ва комсомоли. 12 нояб. 1919 бо карори махсуси КИМУ дар кишв. Туркистон ташкил карда шуд. Аввалин ташкилотхои коргарзанон дар шахрхои калони Осиёи Миёна —Тошкент, Самарканд, Хуканд, Хучанд, Конибодом, Уротетша ва аз с-хои 1923—24 дар Республикаи Халкии Советии Бухоро таъсис ёфтанд.
С. 1920 ташкилотхои комсомолии музофоти Хучанд сектори махсуси занон ташкил карданд, ки он барои озодии занони махалли ва химояи хукукхои модарон, кудакон ва духтарон мубориза бурд. Ба шарофати ин тадбирхо с-хои 1920 21 бо иштироки занон дар шим. Точикистон шуъбаи тибби ва нигахдории тандурустии кудакону модарон ташкил карда шуд. Аъзоёни нахустнни он Этель Бреслау, Махбуба Кодирова, Бибииззат Миркобилова, Марьям Хотамбекова ва диг. буданд, ки дар чалб намудани занон ба корхои чамъияти хизмати калон карданд. Мудири Ш. з.-и Ташкилоти партиявии РАСС Точикистон 3. А. Максудова буд. Дар ш. Душанбе раиси Ш. з. Чахонгирова С. буд. Ш. з. бо рохбарии ташкилотхои партияви ва бо кумаки фаъолонаи комсомолон доираи амалиёти худро васеъ карда, бо иштироки занон шанбегихо, хафтахои коммунисти ва г. мегузаронд, дар давраи Чанги граждани занонро ба духтани либос барои аскарони сурх, чамъ кардани озука барои фронт сафарбар мекард. Ш. з. то с-хои 30 амал карда, дар озод намудани занони махалли аз урфу одатхои кухна ва чалб кардани онхо ба мехнати чамъияти кумаки калон расонд.
Холо ба масъалаи занон Шурои республикавии занон машгул буда, вай занони республикаро ба ичрои карорхои партиявии Давлати Совети сафарбар менамояд.
Ш. Чалилов, А. Кодиров.