Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУЗИШ

СУЗИШ

СУЗИШ, чараёни мураккаби физикию химиявиест, ки дар рафти он гармии зиёд ва шуълаи (алангаи) баланд хосил мешавад. Реакцияхои химиявии Сузиш мураккабанд, яъне онхо аз микдори зиёди процессхои элементари иборатанд. Гайр аз ин табаддулоти химияви хангоми Сузиш ба як катор процессхои физики алокаманд буда, конуниятхои худро дорад.

suzish
Барои хар як навъ Сузиш давраи аланта (даргири) ва сузиши минбаъда (тамоман сухтан) хос аст. Фосилаи вакти хар дуи ин давра вакти умумии Сузиш мебошад. Вобаста ба холати агрегатии моддахои сузшивори ва оксидкунанда Сузиш се навъ (гомогени, моддахои тарканда ва борутхо, гетерогени) мешавад. Хангоми Сузиши гомогени (масалан, сухтани газ ва сузишворихои бугмонанд) одатан оксигени хаво мухити оксидкунанда мебошад. Ин навъи Сузиш дар печхон гази, камерахо, колонкахо ва гайра руй медихад. Сузиши моддахои тарканда дар натичаи худ аз худ пахн шудани доираи реакцияи тачзияи моддахои тарканда ё таъсири мутакобили моддахои тарканда тавассути накли энергияи реакция (гарми) аз кабате ба кабате руи медихад. Суръати Сузиши моддахои тарканда ба табиати онхо, фишор, харорат, зичии заряд ва омилхои дигар вобаста аст. Дар ин навъи Сузиш иштироки оксигени хаво шарт нест. Хангоми Сузиши гетерогени сузишворихои моеъ ва сахт дар мухити оксидкунандахои газмонанд месузанд. Барои сухтани моддахои моеъ бухоршавии онхо ахамияти калон дорад. Дар вакти сухтани моддахои сахт (масалан, металлхо) одатан моддахои бухоршавандаи таркиби онхо чудо намешаванд. Дар техника сузишворихои сахте, ки дар таркибашон карбол ва микдори муаяни моддахои оргаинки мавчуданд (масалан, ангиштсанг), ахамияти хеле калон доранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …