Маълумоти охирин

СУЗАНИ

suzani

СУЗАНИ, матоест, ки руяш бо ресмонхои рангоранг бо усули кашидадузи гулдузи шудааст. Одатан, барон зинати довори манзил истифода мешавад. Матои Сузани маъмулан сатин, шохи ва махмал мешавад. Сузаниасосан аз накшхои наботи, ислими ва паргори иборат буда, аксаран дар байн гули доирамонанд ва дар атрофаш хошия духта мешавад. Сузани чузъи мухими бисоти наварусон хисоб меёоад. Намунахои кадимаи Сузани боки намондаанд. Сузанихои музейхо ва шахси асосан ба асри 19 мансубанд. Намунахои бехтарини Сузанихои махалхои гуногун дар махзани этнотрафии Институти таърихи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон гирдовари шудаанд. Хар як шахру махал услуби хоси сузанидузи дорад. Масалан, услуби сузанидузии Бухоро, Самарканд, Хучанд ва Уротеппа аз хам тафовут дорад. Дар асри 20, хусусан, баъди солхои 40 Сузанихои попурдузь (мошини) маъмул гаштанд. Нигаред низ Кашидадузи.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …