Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУЗАНБАРГХО

СУЗАНБАРГХО

suzanbargho

СУЗАНБАРГХО, растанихои сузанбарг, растанихоеро гуянд, ки баргашон сузанвор борик ва тез аст; дар таснифоти илми яке аз зерсинфи (Соniferae ё Рinifae) сершумортарин ва маъмултарин растанихои лучтухм ба хисоб мераванд. Сузанбаргхо растанихои хамешасабз (гайр аз чинсхои Zarix, Меtasequoiaва Таходиум мебошанд. Сузанбаргхо гурухи кадимаи растанихои тухмдор буда, дар давраи ангиштсанг пайдо шудаанд. Сузанбаргхои хозира ба 8 оила: Аraucariaseae, Роdoсаграсеае, Серhаlotaxасеае, Тахассае, Рinасеае, Skjadopitua, Тахaсeae ва Сuргеssасеае, ки кариб 55 чинс (600 намуд)-ро дар бар мегиранд, таксим мешаванд. Дар СССР зиёда аз 50 намуд ва дар Точикистон 5 намуди Сузанбаргхо (4 намуди арча — Juniperusва савр Тhuja огientalis меруяд. Гайр аз ин дар Точикистон зиёда аз 250 намуди Сузанбаргхо (масалан, санавбар, савр, сарв ва гайра)-ро ба шароити махал мутобик кардаанд. Аксари Сузанбаргхо дарахтони азимчусса буда, 50—60, баъзан то 100 м дарозу то 6—9 м гафс мешаванд. Сузанбаргхо дар хочагии халк ахамияти калон доранд. Аз онхо чубу тахта, равган, моддахои даббоги, скипидар, зифт, когаз ва гайра мегиранд.
М. Исмоилов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …