Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУЗАНАК

СУЗАНАК

СУЗАНАК, сузанакхо (Оdonata), як навъи хашароти даррандаи обиро гуянд, ки думаш борики сузанмонанд аст. Шикамаш дарозруя (14—120 мм). Сар, чашмони калон ва 2 чуфт боли пурчило (дарозиаш 10—94 мм) дорад. Сузанакхо ба 3 гурух— Lygoplera ва Аnisoptera таксим мешаванд. Сузанак хангоми парвоз чуфт шуда дар об, растанихои оби ва баъзан дар хоки нам тухммегузорад. Кирминааш бо галсама нафас мекашад; кирминаи хашароти оби, обхокихои бедум ва гайраро мехурад. Сузанак нагз парвоз мекунад. 4500 намуди Сузанак маълум мебошад. Дар СССР беш аз 160 ва аз чумла дар Точикистон кариб 40 намуди Сузанакхо мавчуданд. Дар Точикистон намудиIchuraва Ortretrumбештар вомехуранд. Сузанак хашароти зараррасонро нест карда, фоида меорад.

suzanak

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …