Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ ДЕПУТАТХОИ МАРДИКОРОН

ШУРОИ ДЕПУТАТХОИ МАРДИКОРОН

soveti-mardikoron

СОВЕТИ ДЕПУТАТХОИ  МАРДИКОРОН, ташкилоти интихобии мардикорон, ки апрел— маи 1917 дар шахру волостхои Туркистон ба вучуд омад. Соли 1916 хукумати подшохи барои корхои акибгох аз мардуми Осиёи Миёна ва Казокистон мардикор гирифт. Онхо дар фабрикаю заводхои Россия кор карда бо ёри ва рохнамоии пролетариати рус аз мактаби муборизаи синфи дарс гирифта, дар Револютсияи- феврали 1917 фаъолона иштирок карданд. Баъди Рев. феврали 1917 онхо ба ватани худ баргаштанд. 25 маи 1917 большевикони пшм. Точикистон бо мардикорон вохурии ахолии шахр ва кишлокхои атрофи Хучандро ташкил намуданд. Дар ин чамъомад, ки дар майдони бозори Чоршанбеи шахр барпо гардид, мардум карор доданд, ки Совети депутатхои мардикоронро ташкил кунанд. Ба президиуми Совети депутатхои мардикорон болшевикон Чура Зокиров, Абдулкодир Рауимбоев, Хайдар Усмонов, Рахимберди Эгамбердиев, Чура Шокаримов ва дигар  хайрхохони болшевикон дохил гардиданд. Аз рузи аввали ташкилёбии Совети депутатхои мардикорон мехнаткашон дар атрофи он зич муттахид мешуданд ва ба он хаматарафа ёри мерасонданд. Охири маи 1917 дар Уротеппа бо ташаббуси мардикорон Совети депутатхои коргарону солдатхо ташкил ёфт, ки ба он 14 депутат интихоб шуд, Совети Уротеппа бо Советхои дигар шахрхои Туркистон алока баркарор кард. Ин гуна Советхо дар дигар шахрхо низ ба вучуд омаданд (Совети коргароии мусулмон 2 июль дар Тошкент, 14 июль дар Андичон). Совети депутатхои мардикорон дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани револютсияи сотсиалисти фидокорона мубориза бурд ва баъди галабаи Револютсияи Октябр бо Советхои депутатхои коргарон, солдатхо ва дехконон якчоя шуд

 

Т. Каримов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …