Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРИШИ СПАРТАК

ШУРИШИ СПАРТАК

shurishi-spartak

ШУРИШИ СПАРТАК яке аз калонтарин шуришхои давраи атика, ки с-хои 73 (ё 74) то м. бо сардории Спартак дар Рими кадим ба вукуъ омадааст. Спартак такр. бо 70 гладиатор (дар Рими Кадим гуломон ё асирони харбиеро, ки дар сахнахои цирк мачбуран бо хамдигар ё бо хайвонхои вахши мечангиданд, гладиатор меномиданд) ба Везувий гурехт. Дере нагузашта дастаи у аз  хисоби гуломони гуреза ва ичорагирони озод ба 10 хаз. наф. расид. Отрядхои римиён (аввал 3 хаз., баъд 10 хаз. наф.), ки ба мукобили Спартак фиристода шуда буданд, шикаст хурданд. Шуриш, ки дар Кампания cap зада буд, ба зуди вилоятхои чан. Италияро фаро гирифт. Сенати Рим армияи испании Гней Помпей ва отряди Марк Лукулиро аз Фракия ба мукобили Спартак фиристод. Спартак бо максади рох надодан ба муттахид шудани кушунхои Рим мачбур шуд бахори 71 то м. дар сархади Апулия ва Лукания зидди армияи Красе сахт .чангад. Армияи Спартак (такр. 60 хаз. наф.) шикаст хурд (такр. 12 хаз. наф. шуришгарони аз Спартак чудошуда бо рохбарии Каст ва Ганник чанде пештар халок шуда буданд). Спартак дар ин чанг халок гардид. Римиён такр. 6 хаз. шуришгарро дар тамоми рохи байни Рим ва Капуя ба чубхо баста монданд. Дастахои парокандаи спартакчиён боз якчанд сол муборизаро давом доданд. Ш. С. Боиси харчи зудтар дар Рим ташкил ёфтани империя гардид: гуломдорон фахмиданд, ки барои нигох доштани сохти мавчуда давлати муктадире лозим аст.

Ад.: Мишунлин А. В.. Спартаковское восстание, М., 1936

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …