ШУРИШИ РОФЕЪ ИБНИ ЛАЙС (806—810), хуручи халки дар Осиёи Миёна ва Хуросон бар зидди Хилофати Араб. Ш. соли 806 дар Самарканд cap зад. Аксари шуришгарон тарафдорони сафедчомагон ва пайравони Муканнаъ буданд. Сардори шуриш лашкаркаши араб Рофеъ буд. Дар натичаи шуриш гумоштаи халифа дар Самарканд кушта шуд, шахр ба дасти шуришгарон гузашт. Ин галаба харакати зидди истилогарони арабро боз хам пуркувват кард. Кувваи асосии Ш. ахолии махаллии Самарканд, Бухоро, Хучад, Истаравшан, Чагониён, Хуталон, Чоч, Хоразм, Насаф, Балх, Тахористон ва г. буд. Ш. хусусан дар Чоч хамовозии зиёд пайдо кард, зеро бисьёр иштирокчиёни шуриши Муканнаъ баъди маглубият дар онхо панох бурда буданд. Хатто худи хокими Чоч барои ёри ба Рофеъ ба дастаи худ ба Самарканд омад. Дар ин вакт ахолии Насаф барои рафъи хучуми лашкари халифа аз Рофеъ мадад хостанд. Рофеъ хокими Чоч-ро бо дастааш ба ёрин онхо фиристонид. Авчи Ш. халифахои арабро ба ташвиш овард. Халифа Хорунарашид барои пахш кардани он ба Осиёи Миёна лашкар кашид, вале с. 809 дар ш. Тус вафот кард. Кори уро писараш Маъмун давом дод. Ш. баъди ба шуришгарон хиёнат карда ба тарафи хилофат гузаштапи Рофеъ ибни Лайс с. 810 пахш гардид.
Ад.: История таджикского народа, т. 2, кн. 1, М., 1964.
У. Назиров.