Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУРХКУТАЛ

СУРХКУТАЛ

СУРХКУТАЛ, теппа бо бокимондаи маъбади асрхои 2—3 дар Афгонистони Шимолист (15 км дар чануби Пули Хумри). Маъбад соли 1951 кашф шуд. Маъбад аз се оташкадаи болои теппагохи мукаддас ва зина иборат аст. Маъбади асоси бо девори дорои манора ва сутунхо ихота гардидааст. Вай дар замони хукмрони ё баъди вафоти шохи Кушониён Канишка бунёд шудааст. Маъбадхои дигар дертар бунёд гардидаанд. Хусусияти асосии ибодатгох аз он иборат аст, ки оташпарасти боияи сулолавии шохони кушони якчоя шудааст. Дар байни бозёфтхо порчахои асархои кадима, низомнома, катибахо (ба забони бохтари, алифбои юнони), кимати баланд дошта, аввалин хуччатхои эпиграфие мебошанд, ки аз Бохтари давраи хукмронии Кушониён ёфт шудаанд. Дар маъбадхо бо хам омезиш ёфтани усулхои биносозии махалли ва юнони намудор мегарданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.