СУЛТОНМУХАММАД (соли таваллуд номаълум — вафот 1572, Самарканд), муаррих, факех, сайёх ва мутарчими форс-точик. Дар махалли Кухаки Самарканд ба дунё омада зивдаги кардааст. У дар оила савод бароварда ва дар мадрасахои Самарканд тахсил намуда, аз аксар илмхои замона бахравар гашт. Чанд муддат дарсгуи кард. Султонмухаммадро бо унвони Кухаки ва Хофизи Кухаки ва барои муддате дар Тошкент буданаш бо номи Хофизи Тошканди ёд кардаанд. Мероси у аз «Рисола фи фанн-ит-тафсир ва-л-усул ва-л-фу-руъ ва-л-мантик вал-калом» («Рисола доир ба кавоиди асосхои дин, фикх, мантик ва калом»), «Таърихи чингиз» иборат аст. Тарчумаи «Таърихи Туркистон»-и муаррих Мухаммед ибни Инъом (асри 10) аз точики ба турки мансуб ба калами уст.
У. Назиров.