Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОН ВАЛАД Мухаммад Бахоуддин

СУЛТОН ВАЛАД Мухаммад Бахоуддин

СУЛТОН ВАЛАД Мухаммад Бахоуддин (1226, Каромон—1312, Кунил), шоири мутасаввиф. Писари Чалолуддини Руми. Пас аз касби камол ба чои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид.

Ба калами Султон Валад девони ашъор, маснавви «Валаднома» (1299—1302) ва рисолаи «Маорифнома» мансубанд. «Валаднома», ки сужети ягона надорад, дорои 25 хазор байт буда, аз се кисм — «Ибтидонома», «Рубобнома» ва «Интихонома» иборат аст. Дар он вазъхои Султон Валад оид ба масоили тасаввуфу ирфон дарчшудаавд. Дар кисмхои 1 ва 3-и «Валадлома» 235 байт ба забоии турки («ашъори салчуки») мавчуданд, ки сарогози назми турки ба шумор мераванд (соли таълиф 1301). Дар «Валаднома» байтхое ба забони юнони хам вомехуранд, ки Султон Валад онхоро барои шиносонидани юнониён бо таълимоти тасаввуфии худ навиштааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.