СУЛТОН САОДАТ, ёдгории меъмории асрхои 10—17, мачмуи макбараи сулолаи сайидхо дар наздикии Тирмиз. Макбарахои ин ёдгори дар асри 10, аксараш дар асрхои 15—17 пахлуи хам сохта шуда, як хавлии дарозруяро ташкил додаанд. Макбарахо дорои пешток ва хонахои чорсуи гунбази буда, петатоки асосии хавли ва макбарахои гунбазии ду шафати он аз руи як лоиха сохта шудаанд. Деворхои макбараи шимолу гарби аз хиштхои мукаррари (27Х Х27Х5 см) бо усули чуфт дар чуфтчида шуда, «мавчхо»-и назарраборо ташкил додаанд. Деворхои хона дорои се каторравоки гурчдор буда, ба хаштравоки он гунбази чорравзана такя мекунад. Макбараи чанубу гарбии хурдтар буда, нисбатан оддист ва гачкори шудааст. Дар пешгохи суфаи пештокдори байни ин ду макбара мехроб чой гирифтааст. Ёдгории Сутони Саодат 20 макбара дорад. Дар макбарахои ин комллекс, ки асрхои 15—17 бунёд шудаанд, таъсири тарзи биносозаии замон дида мешавад.