ШУХИИ ХУЧАНДИ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири точик (а. 18). Писари Шайдои Хучанди. Давраи навраси ва тахсили ибтидоиаш дар зодгохаш гузаштааси. Дар чавони пас аз вафоти падар, барои такмили дониш ба Бухоро ва Хучанд рафтааст. Муддате дар дарбор хидмат кардааст.
Аз Ш. X. девони ашъор боки мондааст, ки дар он газалхо, касоид, рубоиёт, 2 маснавии хурд, 3 мухаммас ва китаоти таърихи фарохам омадаанд. Газалхои зиёди Ш. X. дар баёзхо низ ба назар мерасанд.
Мавзуъхои газалиёти Ш. X. ишку ошики, хасби хол, танкиду эътироз бар зидди замонаи номусоид, панду насихат, танкиди зохидони фиребгар ва г. мебошанд. Ш. X. Дар газалхояш дастгири кардани мардуми чафодида, дустиву рафокатро таргиб кардааст. Аксар газалхои Ш. Х. бо забони содаву равон суруда шудаанд. Ш. X. зери таъсири Хофии Шерози ва Бедил газал гуфтааст. Дар газалхои ба пайравии Бедил сурудааш мавзуъхои ирфони ба назар мерасанд. Рубоиёти Ш. X. соддаву равонанд. Инак, як рубоии Ш. X.:
Онхо, ки гули риёзи идрок шуданд.
Аз дасти фалак гунчаи дилчок шудем,
Диданд чахон макоми хуштабъони нест
Рафтанд хамон тахи замин хок шуданд
Ш.Х ба забони узбеки низ шеър гуфтааст. Нусхаи дастнависи девонаш дар ганчинаи дастнависхои ин-ти шаркшиносии АФ РСС Точ- ва кабинети Чомии УДТ махфузанд.
Г.Неъматзода