Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУХИИ БУХОРОИ

ШУХИИ БУХОРОИ

ШУХИИ БУХОРОИ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири точик (а. 16). Дар Бухоро зиндаги кардааст. Намояндаи ахли мехнату хунар аст. Муаллифи «Музаккир-ул-ахбоб» оид ба Ш. Б. гуфтааст: «Мавлоно Шухи ба кафшдузи машхур аст ва дар шухтабъи хамто надошта, кадам дар майдони балогат нихода, ба чавгони фасохатгуи суханро мерабуда…». Шоир дар махфилхои адабии ахли хунар фаъолона ширкат дошта, бештар ашъори хазломез гуфтааст. Дар газал, рубои, китъа ва г. хунарманд будааст. Дар ашъори парокандааш охангхои шикваомез ба назар мерасанд.

Намунаи ашъори у:

Дар вокеа дидам, ки шуда ёр парешон,

Хастем аз ин вокеа бисьёр парешон,

Шаб хурда маю руз ба агьёр чу хар кас,

Аз хона бурун омада дастор парешон.

Шухи дуру май чанд ба даст ор, ки хастанд,

Хубони чахон аз пайи динор парешон.

У. Назиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.