Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУГОНИИ УСТУРЛОБИ Ахмад ибни Мухаммад

СУГОНИИ УСТУРЛОБИ Ахмад ибни Мухаммад

СУГОНИИ УСТУРЛОБИ Ахмад ибни Мухаммад (соли таваллуд номаълум — вафот такрибан 990), олими маъруфи форс-точик. Аслан аз Сугон — яке аз дехахои Марворуд (дар Хуросон) буда, кисми асосии хаёташ дар Багдод гузаштааст. Хамчун астроном, математик ва ихтироъкори асбобхои астрономи шухрат пайдо карда, дар мадрасахои Багдод оид ба илмхои дакик дарс гуфтааст. Дар давраи хукмронии Шарафуддавла (писари Азудуддавлаи Дайлами) дар Багдод расадхонае бино намудааст ва хамрохи шогирдаш Абусахли Кухи солхои 980— 989 чирмхои осмониро мушохида намуда, арзи чугрофии Багдод ва майли эклиптикаро нисбатан сахехмуайян намудааст, ки аз кимати асли танхо 44″ фарк мекарду халос (барои соли 985; 23о35′).

Осори илмии Сугонии Устурлоби ба сохахои гуногуни илмхои дакик оид буда, мутаассифона аксарияти онхо то замони мо нарасидаанд. Аз рисолахоиСугонии Устурлоби «Тахтит-ул-устурлоб» («Хатохои устурлоб»), «Китоб фи тасхех-ит-том» («Китоб оид ба хамворихои пурра»), «Кавонини илми хайъат» ва гайро номбар намудан мумкин аст.        X. Абдуллозода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.