Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУДОБИХО

СУДОБИХО

sudobiho

СУДОБИХО (Rutaceae), як оилаи растанихои дупалла. Судобихо асосан буттатаву дарахт ва баъзе гиёххоро дар бар мегиранд. Барги содда ё мураккаби хушбуй, гули дучинса ё баъзан якчинса, гуза, гучуммева ва гайра доранд. Ба Судобихо кариб 150 чинс (1600 намуд)-и растанихо мансубанд. Онхо дар нохияхои тропики, субтропикива муътадил, хоса дар Африкаи Чануби ва Австралия фаровонанд. Дар СССР беш аз 40 намуди Судобихои худруй месабзад. Махсусан цитрусихо (лиму, афлесун, норанч ва гайра), ки баъзеи онхоро дар нохияхои чануби республика мепарваранд, ахамияти калон доранд. Дар Точикистон зиёда аз 15 намуди Судобихои худруй хаст. Дар боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон як катор намудхои Судобихоро чун растанихои ороши мепарваранд.         С. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …