СТРУВЕ Василий Васильевич (2. 2. 1889, Петербург —15. 9. 1965, Ленинград), шаркшиноси совети, асосгузори мактаби советии мутахассисони таърихи Шарки Кадим, академики Академияи Фанхои СССР (1935). Соли 1911 Университети Петербургро хатм намуд. Дар Университети Ленинград кариб 50 сол (аз 1916) муаллими кард; солхои 1918—33 мудири шуъбаи Мисри Эрмитажи Давлати, 1937—40 директори Институти этнографляи Академияи Фанхои СССР, 1941 —50 директори Институти шаркшиносии Академияи Фанхои СССР, аз 1959 мудири шуъбаи Шарки Кадими хамин институт. Аъази як катор ташкилотхои илмил советию хоричи.
Асархои илмиаш асосан ба таърихи маданияти кадим, хусусан давраи эллини оиданд. Муаллифи тадкикоти чамъбасткунандаи «Таърихи Шарки Кадим» (Москва, 1941) буд. Струве як катор бозефтхои мухими Мисрро, ки дар музейхои СССР махфузанд, тадкик намудааст. Бо ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.