Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРУКТУРАЛИЗМ

СТРУКТУРАЛИЗМ

СТРУКТУРАЛИЗМ, як равияи тадкикотист дар илмхои гуманитари, ки дар омузиши масъалахои забоншиноси, этнография, адабиётшиноси, таърих ва гайра методу услубхои структури, моделсози, унсурхои семиотика ва математикониро истифода мебарад ва дар солхои 20 асри 20 ба вучуд омадааст. Ба маънои танг Структурализм мачмуи акидахои илми ва фалсафиест, ки дар заминаи татбики методи структури сурат гирифтазст ва солхои 60 асри 20 дар Франция интишор ёфтааст. Зимни тахлили структури аввал муносибатхои синхрони ва таъсири мутакобили мавзуъ тахкик шуда, баъд таърих ва инкишофи диахронии он омухта мешавад. Аз ин ру, бартарии методологии синхрония аз диахрония ва муносибатхо аз унсурхои система рукнхои асосии Структурализм мебошад.

Мувофики таълимоти Структурализм на объектхои алохида, балки тахлили структурахои том бояд нуктаи асосии тадкикоти илми бошад. Мафхуми структура сараввал дар илмхои чамъиятшинюси воситаи аз чузъхо сохтани куллро ифода мекард. Баъдтар ин мафхумро бо «шакл», «система», «организм», «модел» ва гайра баробар карданд. Масалан, хам муносибати генетики ба тамоми намудхои структура ва хам принсипи ягонаи мантики мохияти таълимоти структуравии психологи швед Ж. Пиажеро ташкил медихад. Чараёни маърифате, ки дар он реалият ба воситаи аломат ё системаи аломатхо тасвир мегардад, имкон медихад, ки аз мушохидаю тасвири предмети ба моделсози гузарад. Ин барои дарки ашё ва ё падида мусоидат менамояд, ки дар хамин замина хулосахои мантики, далелхо ва фарзияхо баровардан мумкин аст.

Аломат дарачахон гуногуни таъмим дорад. Шакли нисбатан тараккикардаи таъмим ба аломатхои забони тааллук дорад. Зеро забон аз систомаи аломатхое иборат мебошад, ки сохти муайян дорад. Аз ин ру, Структурализм дар забоншиноси хамчун методи  тахкик интишор ёфтааст.

Намояндаи машхури Структурализм этнолог ва сосиологи фравсави Клод ЛевиСтрос методхои тачрибавию тасвириро дар этнография бо методхои мантикию математики пайваста, онро ба дарачаи методи тахкики назарияви расонд ва мавзуи тахкикашро этнолагия номид. Структурализм дар омуазиши маданияти анъанавии кабилахои чамъияти ибтидои, фолклоршиноси ва дигар сохахои илми чамъиятшиноси баъзе муваффакиятхо ба даст овард.

Гояхои Структурализм хануз дар аввали пайдоишаш мавриди бахсу мунозирахои намояндагони равияю чараёнхои фалсафи ва афкори илми карор гирифта буд. Баъзехо ба он чанбаи томи фалсафию сиёси дода, кушиш менамуданд, ки идеологияи структуралистиро ба вучуд оваранд. Структуралистони дигар дар асоси мачмуи объективии Структурализм ахамияти илмию методологии Структурализмро мутлак гардонда, кушиш мекунанд, ки онро хамчун масъалаи мухими чамъияти ва умуман чахонбинии том каламдод намоянд ва структураро ба шахс ва таърих мукобил гузоранд. Ин кушиши онхо танхо зиддияти миёни шахсият ва структураи капитализми давлатию монополистиро ифода мекунад. Фалсафаи марксисти Структурализмро хамчун мачмуи мураккабу зиддиятноки гояхо, ки аслан методи структуралистиро ба материализми диалектики мукобил мегузорад, танкид намуда, дар айни хол тадкикотхои мусбати конкретию илмии онро эътироф менамояд.

Структурализм мактаби нави фалсафи (ба монанди навгегелчиён, бергсонизм, экзистенсиализм ва гайра) набуда, балки методи нави омузиши илми мебошад, ки баъзе масъалахои методологию тафаккури илмиро дар бар гирифта, дар заминаи инкишофи илмхои чамъиятшиноси ва тачриба ба вучуд омадааст.

Адабиёт: Структурализм:  «За» и «Против», Москва, 1978.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …