Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРОНСИЙ

СТРОНСИЙ

stronciy

СТРОНСИЙ (лотини strontium), Sr, элементи химиявиест аз гурухи системаи даврии Менделеев; раками атоми 38, массаи атоми 87,62. Стронсийи табии аз омехтаи чор изотопи собит иборат аст: 84Sr, 86Sr, 87Sr ва 88Sr; аз оихо 88Sr бештар (82,56%) маъмул аст. Якчанд изотоии сунъии С. (адади массазшон аз 80 то 97, аз чумла 90Sr; Т1/2 = 27,7 сол) низ хосил карда шудааст. Стронсийро соли 1790 духтури шотланди А. Крофорд кашф кард. Номи Стронсий аз номи минерали стронсианит бармеояд, ки дар назди дехаи Строншиан (Шотландил) ёфт шуд. Ба хисоби миёна Стронсий 3,4- 10-2%-и Массаи кишри заминро ташкил мекунад. Кариб 30 хел минерали он маълум аст; дар байни онхо маъмултаринашон селестин (SrSO4) ва стронцианит (SrСо3) мебошад. Стронсий металли сафеди нукратоб; эичиаш 2630Кг\М3 (20°С); t гуд. 770°С, t чуш. 1383°С. Конфигурасияи кабати берунии электрониаш 5s2; дарачаи оксидшавиаш +2, Стронсий металли фаъол аст; дар хаво бо тези оксид мешавад. Оксид, пероксид, нитрид, хлорид, бромид, сулфид, гидрид, сулфат, нитрат ва дигар пайвастхои Стронсий маълуманд. Стронсийро аз оксиди он бо рохи бо Аl баркарор кардан хосил мекунанд:

4SrО + 2Аl = 3Sr + SrО- Аl203

Стронсий барои тайёр кардани люминофорхо, фотоолементхо, баъзе хулахо, хромати Стронсий (SrСr04) чун пигменти устувор барои тайёр кардани ранги наккоши истифода мешавад. 90Sr манбаи -афкатгшоти батареяхои электрии атомист. Оксиди Стронсий батаркиби баъзе намуди шиша ва катодхои оксидии лампахои электрони, карбонати Стронсий ба таркиби глазур ва снрхои (эмалхои) оа таъсири атмофера тобовар дохил мешаванд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …