СТОМАТОЛОГИЯ (аз юнони stomatos — дахон ва …логия), як сохаи тибро гуянд, ки сохти дандон, сабабхои пайдоиш, муолича ва пешгирии дарди дандон, милки дандон, забон, пардаи луобии дахон, чог ва бофтахои атрофи онро меомузад. Стоматология таърихи кадим дорад. Дар асархои духтури хинд Сушрут (асрхои 6 —5 то мелод) 65 бемории узвхои чавфи дахон, аз чумла 23 навъи дарди дандон номбар шудааст.
Дар асри 4 то мелод дандонро бо анбурхои махсус меканданд. Ибни Сино дарди дандонро бо катраи махлули марги муш (дар равгани зайтун) муолича мекард.
Стоматология охири асри 17 ва аввали асри 18 ба як сохаи мустакили тибби амали табдил ёфт. Дар асри 19 техникаи пломбакуни ва тайёр кардани протези дандонхо хаматарафа тадкик шуд.
Дар Россия аввалин мактаби «омузиши санъати табобати дандон соли 1881 дар Петербург таъсис ёфт. Холо дар СОСР 2 институти стоматологи, 2 институти тадкикоти илми ва 48 факултети стоматологии институтхои тибби ба тайёркунии мутахассисон — стоматологхо, ба халли проблемахои илмию амали ва такмил додани умури стаматологи машгуланд.
Дар Точикистон аввалин кабинети духтури дайдон соли 1925 таъсис ёфт. Соли 1935 дар Омузишгохи тиббии Сталинобод шуъбаи духтурони дандон кушода шуд. Факултети стоматологии Институти тиббии давлатии Точикистои соли 1977 таъсис ёфт. Холо дар Точикистон 14 поликлиникаи стоматолаги, 228 шуъба ва кабинетхо; 3 амбулаторияи стоматологии сайёр ва гайра мавчуданд. Дар ин муассисахо садхо стоматолог, духтури дандон ва дандонсозхои зиёд кор мекунанд.
Чамъияти республикавии илмии тиббии стаматологхо соли 1960 таъсис ёфт.
Адабиёт: Чернецов А. Н., К истории организации и развития стоматологической службы Таджикской ССР, «Здравоохранение Таджикистана», Москва 1, 1974; Советская стоматология за 60 лет (научный обзор), Москва, 1977. М. Э. Мухсинов.