Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОКОЛОВ Сергей Николаевич

СОКОЛОВ Сергей Николаевич

СОКОЛОВ Сергей Николаевич (таваллудаш 8. 6. 1923, дехаи Озоровои уезди Тихвини губернияи Черновес, хозира райони Тихвини вилояти Ленинград), шаркшинос-эроншиноси совети. Аз оилаи хизматчи. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Факултети шаркшиносии Университети давлатии Ленинградро соли 1953 хатм кардааст. Аз соли 1956 муаллими факултети шаркшиносии Университети давлатии Ленинград. Тарчумон дар Сурия (1956) ва Миср (1958). Дар УДТ аз таърихи забон дарс гуфтааст. Тадкикоти Соколов ба омузиши забонхои гуногуни эрони — забонхои гарбии эрони («Инкишофи таърихии кахзатив дар забонхои гарбии эрони», 1958), забони балучи («Очерки грамматикаи забони балучхои Иттифоки Совети», 1956), забони форсии кадим, забони форсии миëна, забони авестои («Забони авестои», 1961; тарчумаи англисиаш 1967) ва гайра оиданд. Дар асари охирин фонетика, морфология ва синтаксиси забони авестои харчониба мавриди омузиш карор гирифтааст. Соколов муаллифи дастуре барои омузиши забони авестои ба номи «Забони Авесто» (Лондон, 1964) ва очерки мухтасари таърихи адабиëти Эрони Кадим (дар китоби: «Краткая история литератур Ирана, Афганистана и Турции», Лондон, 1971) мебошад. Бо медалхо мукофотонида шудааст.

 

Осорхо: Язык Авесты, Древнеперсидский язык, дар китоби: Основы иранского языкознавия. Древнеиранские языки, Москва, 1979.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.