Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СОХТМОН

СОХТМОН

СОХТМОН, бинокори, як сохаи истехсолоти моддиро гуянд, ки барои сохахои гуногун бино (корхонахои истехсоли, хонахои истикомати, бинохои чамъияти), иншоот ва гайра месозад.

soxtmon

Давлати Совети аз рузхои аввали мавчудияти худ ба Сохтмон диккати махсус дод. Мохи маи 1918 барои тартиб додани план ва баамалбарории Сохтмони давлати дар хайати Совети умумироссиягии хочагии халк (ВСНХ) Комитети иншооти давлати таъсис ёфт. Соли 1920 Съеэди 8-уми умумироссиягии Советхо плани ленинии ГОЭЛРО-ро тасдик намуд. Декрети СКХ аз 21 феврали соли 1921 хар сол тасдик намудани плани ягонаи Сохтмонро пешбини кард.

Илми Сохтмон (бинокори) тачрибахои бинокориро тадкику чамъбаст намуда, конунхои объективии тараккии Сохтмонро муайян мекунад. Вай мачмуи илмхои назарияви, лоихакаши ва технологияи тайёр намудани конструкцияхои бинокори, проблемахон тачхизоти инженери ва техникаи санитарии шахрхо, биною иншоотхо, технологияи истехсолоти бинокори, проблемахои гидротехники, наклиёти, иктисодиёти бинокори ва гайраро дар бар мегирад. Дар СССР зиёда аз 100 институти тадкикоти илми хастанд ва дар онхо кариб 15 хазор кас оид ба Сохтмон тадкикот мебаранд.

Сохтмон дар Точикистон. То инкилоб дар республика Сохтмон кариб вучуд надошт. Асосан солхои аввали Хокимияти Совети сар шуд. Он вактхо дарачаи техникии Сохтмон паст буд, корхоро бештар дасти ичро мекарданд. Инженерони бинокор хеле кам буданд. Аввали солхои 30 дар республика 7 муассисаи бинокории пудрати-трестхои «Точикгосстрой», «Промстрой», «Водоканалсвет» ва идорахои таъмиру бинокори ташкил шуданд. Дар панчсолаи 1- ум (1928—32) хачми маблаггузории республика ба 57,5 млн сум расид, ки ин назар ба солхои пештара (1924—28) 3,8 баробар зиёд буд. 85 корхона ва цеххои саноати, аз он чумла Комбинати абрешими Ленинобод, комбинатхои консерви меваи Ленинободу Конибодом, Комбинати полиграфии Душаибе, заводхои равганкаши, хишт, пахта, Фабрикаи дузандагии Душанбе ва дигархо ба кор даромаданд. Дар панчсолахои пешазчанги даххо корхонахои саноати сузишвори, коркарди металл, пахта, абрешам, дузандаги, пойафзол, консерв ва дигар сохахои саноат сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони рох вусъат ёфт. Истехсоли воситахои истехсолот таракки кард. 3аводи рехтагарии механнкии Конибодом, Комбинати шпати гудохташавандаи Такоб, Комбинати масолехи бинокории Вахш, ГЭС-н Варзоби Поён ба кор даромаданд. Дар панчсолаи 5-ум 20 корхонаи нави саноатии пуриктидор ва аз чихати техники мукаммал бино ёфтанд. Силсилаи стансияхои электрии обии Варзоб (3 ГЭС, охиринаш соли 1956, иктидори умумиашон 25,4 хазор кВт), ГЭС-и Кайроккум (1957, дар дарёи Сир, иктидораш 126 хазор кВт), стансияхои электрии обии Шаршара (1960, иктидоаш 30 хазор кВт) ва Сарбанд (1969, иктидораш 210 хазор кВт), Стансияи электрии олавии Душанбе (иктидораш 216 хазор кВт) ба истифода дода шуданд. Сохтмони ГЭС-и калонтарини Осиёи Миёна — Норак (иктидораш 2700 хазор кВт), Комбинати электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии Точикисгон, ва гайра сар шуд.

Охири солхои 1950 дар Точикистон 7 муассисаи бинокории пудрати буд. Соли 1958 шумораи онхо ба 48 расид. Соли 1979 дар республика 265 муассисаи пудрати 635 млн сумина корхои бинокорию монтажро ичро карданд. Дар Точикистон корхои бинокориро асосан муассисахои пудратин вазоратхои сохтмон, мелиорация ва хочагии оби СССР ва Точикистон, Вазорати энергетика ва электриконии СССР, Вазорати корхои сохтмону монтажии СССР, вазоратхои наклиёт ва хочагии рох, хочагии кишлок, корхои дохили ва алока ичро мекунанд. Беш аз 90% хачми умумии корхои сохтмону монтажро пудратчихо ба чо меоранд.

Дар натичан зиёд шудани шумораи коргарон, баландшавии таъмини фонд ва татбики усулхои пешкадами идоракунии Сохтмон иктидори истехсолии муассисахои бинокории республика афзуд. Соли 1979 дар Сохтмони республика хазорхо коргарону мутахассисон кор мекарданд, арзиши фондхои асоси бошад, аз 515 млн сум зиёдтар буд. Афзоиши таъмини фонд ба зиёдшавии шумораи мошину механизмхои асосии бинокори мусоидат кард. Сохтмони республика соли 1979-ум 1000 экскаватор, 369 скрепер, 1320 булдозер ва дигар мошинхо дошт. Холо корхои асосии Сохтмон пурра механиконида шудаанд. Навъу хелхои масолехи бинокори зиёд ва сифати онхо мунтазам бехтар мегардад.

Асоси индустронии Сохтмони Точикистон татбики васеи конструкцияхои оханубетон ва маснуоти заводи мебошад. Сохтмон 1962 дар Точикистон барои Сохтмони саноати ва граждани панелхои оханубетони сабук истехсол карданд. Хонасозии калонпанели босуръат таракки кард, ба чои панели секабата панелхои яккабата бароварданд, ки ин боиси камшавии арзишу вазни бинохо гардид.

Сохтмон 1962 дар Душанбе аввалин заводи хонасозии калонпанели (иктидораш соле 35 хазор м2 хона буд) ба истифода дода шуд. Соли 1964 дар Каироккум заводи дуюми хонасозии калонпанели ба кор даромад. Минбаъд чунин заводхо дар дигар шахрхои республика низ сохта шуданд. Соли 1970 дар хачми умумии корхои сохтмону монтажи республика хиссаи панелхои оханубетон 20%, аз чумла дар Сохтмони саноату наклиёт 40% ва Сохтмони манзилгох 22% буд.

Дар панчсолаи дувоздахум маблаги сохтмони асосии Республикаи Совети Сотсиалистии Точикистон ба 8 млрд сум мерасад, ки назар ба панчсолаи ёздахум 1,4 баробар зиёд аст. Солхои 1986—90 Сохтмони як катор корхонахою объектхои нав, аз чумла комбинатхои гушти Кулоб, консерви Уротеппа, ордкашии Турсунзода ва Кулоб, заводхои нони Душанбе ва Ленинобод, рохи охани Кургонтеппа— Кулоб, ГЭС-и Сангтуда, ТЭЦ-и дуюми Душанбе ва гайра пешбини шудаанд. Дар ин давра Сохтмони роххои автомобилгарди Душанбе — Ленинобод (аз байни каторкухи Хисор) ва Кулоб —Калъаихум давом дода мешавад. Гайр аз он, дар панчсола агрегатхои якуми ГЭС-хои Рогун ва Помир ба кор медароянд. Сохтмони заводдхои алюминийи Турсунзода ва электрохимиявии Ёвон, ГЭС-н Бойгози ба анчом мерасанд; заводхои гидрометаллургии Исфара, «Точикгидроагрегат», трансформаторбарории Кургонтеппа реконструкция карда мешаванд.

Дар республика такрибан 20 муассисахои лоихакашии Сохтмон, аз чумла «Точикгипрострой», «Точикгипропром», «ТочикГИНТИЗ», «Точикгипроводхоз», «Точикгипроселстрой» мавчуданд.   Л. И. Михайлушкина.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …