Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБИРОВА Малика Абдурахмоновна

СОБИРОВА Малика Абдурахмоновна

sobirova-malika

СОБИРОВА Малика Абдурахмоновна (таваллудаш 22. 5. 1942, Душанбе — 27. 2. 1982, хамон чо) артисткаи балети советии точик. Артистии Халкии СССР (1974). Аз оилаи навозанда. Солхои 1953—1961 дар Омузишгохи академии хореографии ба номи А. Вагановаи Ленинград тахсил кардааст. Соли 1961 ва аз соли 1963 то охири умр солисткаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айни буд. Соли 1962— 63 дар сахнаи Театри калони СССР тахти рохбарии Г. Уланова кор карда, санъати худро такмил дод. Собирова намояндаи барчастаи мактаби русии ракси классикист. Ба санъати у техникаи оли, фасохат ва дарки амики олами ботинии образхои сахнави хос буд. Образхои эчодкардаи Собирова мукаммал ва серпахлу буданд. Одаттан фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарво. Собирова дар балетхои милли як катор обрахои дурахшон офарида, барои кушодани характери кахрамонон аз техникаи ракси классики ва обуранги ракси миллии точики истифода мебурд. Собирова унсурхои ракси клаосики ва миллии точикиро мохирона ба хам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барчастаи хунарпешаги ва техникаи мохиронааш ба Собирова муяссар шуд, ки дар балетхои романтики («Жизель», «Шурале», «Ромео ва Чульетта», «Лайли ва Мачнун», «Темурмалик» ва гайра) партияхои асосиро бо махорати комил бозад. Партияхои драмматики ва лирикиро низ бомуваффакият ичро мекард. Образхои хореографие, ки Собирова эчод кардааст, хеле мукаммал ва аз чихати психологи амик буданд. Дар образхои кахрамонию романтикии Жизель («Жизель»), Заррина («Киссаи кухсор»), Саодат («Писари Ватан») ва гайра Собирова тантанаи корнамои ва фидокориро тачассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз соли 1964 ривоч ёфт. Собирова  партияхои зеринро ичро кардааст: Одетта («Кули кувон»-и П. Чайковокий, 1962), Жизель («Жизель»-и А. Адая, 1963), Сарри («Бо рохи раъди гуррон»-и А. Кароев, 1964), Заррина, Саодат («Киссаи кухсор», 1965 ва «Писари ватан»-и Ю. Тер-Осипов, 1966), Китри («Дон-Кихот»-и Л. Минкус, 1968), Чульетта («Ромео ва Чульетта»-и С. Прокофев, 1969), Лайли («Лайли ва Мачнун»-и С. Баласаиян, 1970), Заррина («Темурмалик»-и М. Ашрафи, 1972), Золушка («Золушка»-и С. Прокофьев, 1973), Никия («Бандерка»-и Минкус, 1974) ва гайра. Собирова инчунин дар якчанд филмхои бадеи ва хуччати иштирок кардааст; «1002 шаб» (1966), «Малика» (1967), «Адажио» (1971), «Кисоаи шарки» (1972).  Депутати Совети Олии РСС Точикистон даъвати 8 (1971). Лауреати конкурси байналхалкии балети классики дар Варна (1964) ва конкурси байналхалкии артистони балет дар Москва (1969). Лауреати Мукофоти давлатии РСС Точ. ба номи Абуабдулло Рудаки (1967). Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифок, лауреати Мукофоти комсомоли ленинии РСС Точикистон (1967). Бо ордендои Байраки Сурхи Мехнат, «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

                                                                                         К. Назиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.