Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария

sklovadovskaya

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария (7. 11. 1867, Варшава —4. 7. 1934, Сансолмо), физик ва химик; яке аз муаллифони таълимоти физикист оид ба радиоактивият. Миллаташ поляк. Баъд аз хатми Университети Париж (1895) ба П. Кюри ба шавхар баромад ва дар лабораторияи у кор кард. Соли 1903 дар мавзуи «Тадкики моддахои радиоактив» рисолаи доктори химоя намуд. Профессори Университети Париж (аз соли 1906). Рохбари шуъбаи физика ва математикаи Институти радий дар Париж (аз соли 1914). Асосан моддахои радиоактивро омухтааст. Бо хамкории П. Кюри ду элементи нави химияви — полоний ва радийро кашф кард (1898). Таъсири нури радий ба модда ва усулхои хосил кардани радийро пешниход кард. Склодовская – Кюри аввалин занест, ки ба аъзогии Академияи тиббии Париж интихоб шудааст (1922). Ду карат лауреати Мукофоти нобели (1903, 1911). Аъзо-корреспондент АФ Петербург (1907) ва аъзои фахрии АФ СССР (1926). Солхои 1923—1934 директори фахрии Институти радийи Варшава буд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.