Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКИПИДАР

СКИПИДАР

skipidar

СКИПИДАР, равгани терпентин, як моеъи беранги шаффофро гуянд, ки буи тез дорад; t чушишаш 153 —180°С, зичиаш 855—863 кг/м3; дар об хал намешавад, дар халкунандахои органики хал ва дар хаво зуд оксид мешавад. Бештар Скипидарро аз самг (Скипидари самги) бо рохи бугрони ба воситаи буги об хосил мекунанд. Скипидар омехтаи бисёртаркибаи карбогидридхои терпени буда, таркиби он ба ашёе, ки Скипидар аз он хосил мешавад, вобаста аст. Скипадрхое, ки аз самги санавбар  мегиранд, то 78% пиненхо, 10—18% 3-карен, 4—6% дипентен ва лимонен ва дигар моддахо дорад. Скипидар дар саноат чун халкунандаи махсулоти локу рангубор, ашё барои истехсоли камфора, терпентингидрат, равганхои флотасиони ва молидани, инсектисидхо ва моддахои муассир, дар тиб чун доруи ангезанда рафъи дард ва антисептикии чузъи истифода мешавад. Онро инчунин хангоми ба пепралгия, миозит ва беморихои дигар гирифтор шудан чун мархам ба бадан мемоланд. Ба гайр аз Скипидари самги дигар намудхои Скипидар низ маълуманд, масалан, Скипидари экстраксиони ё зифти ва Скипидаре, ки бо рохи бугронии хушк хосил мекунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …