Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКИФХО

СКИФХО

skifho

СКИФХО (юнони ), номи умумии ахолии асосии Назди бахри сиёхи Шимоли дар асрхои 7—3 то милод, ки аз кабилахои хеши гурухи забонхои эронии оилаи хиндуевропои иборат буд. Мувофики маълумоти Геродот Скифхо аввал дар Осиё зиндаги карда, асри 7 то милод ба Назди бахри сиёхи Шимоли омада, аз ин чо киммерихоро танг карда бароварданд. Скифхо ба Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин юришхо ташкил менамуданд ва дар Осиёи Пеш хукмрон буданд. Ибтидот асри 6 то милод ба Назди бахри сиёхи Шимоли баргашта ошубхои кабилахои махаллиро пахш намуданд. Дар байни дарёхои Дон ва Дунай, дар Крим сокин буданд. Скифхои бодиянишин дар сохили рости Днепри Поён ва Крим, Скифхои дехкон дар поёноби Днепр, хавзаи Днестр ва Буг зиндаги мекарданд. Мувофики маълумоти Геродот Скифхои подшохи, ки дар даштхои байни Днепр ва Дон зиндаги мекарданд, табакаи хукмрон буданд. Скифхо бо шахрхо — мулкхои юнонии Назди бахри сиёх алокаи тичорати доштапд: галла, муина, чорво, гуломонро ба шароб, равгани растани, зеварот иваз мекарданд. Скифхо охан, биринчи, тилло истехсол ва маснуот тайёр мекарданд, бо кулоли машгул буданд. Дар асри 5 то милод байни Скифхо демократияи харби хукмрон буд, ки он ба давлат табдил меёфт. Хокимияти пешвоён дар асри 5 то милод хеле калон ва мероси буд. Дар асрхои 3—2 то милод сарматхо Скифхоро ба танг оварданд. Каламравии онхо бо даштхои Крим ва Днепри Поён махдуд гардид. Минбаъд номи Скифхо мохияти этникии худро гум кард. Скифхо дар Шарк чун сакоихо машхуранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …