Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКАРНХО

СКАРНХО

skarn

СКАРНХО (аз шведи — лой, партов), чинсхои кухии метасоматиеро гуянд, ки таркибашон аз силикатхои калсий, магнию охандор ва алюмосиликатхо иборатанд. Скарнхо асосан дар зонаи контакти (аксар дар чойхои бахамрасии чинсхои магмави бо охаксанг ё доломитхо) ва баъзан дар дохили чинсхои магмави ва тахшинию метаморфи вз таъсири махлулхои баландхарорати магматогени ба чинсхои атроф ба вучуд меоянд. Аз таъсири химиявии махлулхои чинсхои атроф таркиби химияви ва минералогии худро тамоман ё кариб тамоман тагйир дода, ба Скарнхо табдил меёбанд. Вобаста ба хусусиятхои таркибашон Скарнхо калсийдор ва магнийдор мешаванд. Скарн дар зонаи контакти ва дохили чинсхо ба шакли линза, кабат, гулба, раг ва гайра вомехуранд. Дар байни чинсхои кухи вучуд доштани Скарнхо нишонаи хуби мавчудияти сарватхои зеризамини мебошад, чунки аксари Скарнхо тарокуми калони маъданхои металли (махсусан охаян мис, сурб, рух, волфрам, молибден) ва гайриметалли (флогопит, боратхо ва гайра) дораяд. Аз хамин сабаб типи махсуси конхо — конхои скариб чудо карда шудаанд, ки онхо дорои ахамияти калони саноатианд.

                                                                              М. Чанобилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …