Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СИСТЕМАИ ИНТИХОБОТИ

СИСТЕМАИ ИНТИХОБОТИ

СИСТЕМАИ ИНТИХОБОТИ, 1) тартиби ташкили органхои интихобии давлати (масалан, дар СССР — Совети депутатхои халки). Системаи интихоботи унсури мухими системаи сиёсии давлати буда, аз тарафи нормахои хукуки ба тартиб дароварда шудааст, ки мачмуи хукуки интихоботиро ташкил мекунад.

Системаи интихоботи принсипхо ва шароитхои иштирок дар ташкили органхои интихоби, ташкилу тартиби интихобот (просесси интихоботи) ва чег задани шахси интихобшударо дар бар мегирад.

Системаи интихоботи дар мамлакатхои буржуази расман ба принсипхои умуми ва баробари асос ёфта бошад хам, иг принсипхо ба воситаи навъхои мухталифи сензи интихоботи махдуд карда мешавад.

Конунгузории мамлакатхои сотсиалисти дар вакти интихоби органхои давлати дар аксари холатхо овоздихии пинхониро пешбини менамоянд, ки озодии комили хохишу мароми иитихобкунандагонро ифода мекунад.

Дар мамлакатхои сотсиалисти хукуки чег зада гирифтани депутатхо яке аз элементхои мухими Системаи интихоботи мебошад. Дар СССР, Венгрия, Чехословакия он дар мачлиси интихобкунандагон бо рохи овоздихии ошкоро ба амал бароварда мешавад.

2) Системаи таксимоти чой дар органхои интихоботи баъди мукаррар шудани натичахои овоздихи. Ду Системаи ин асоси — системаи мажоритари (аксарият) ва системаи мутаносиби намояндаги (Нигаред низ Хукуки интихоботи умуми) мавчуд аст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …