ШИРИН – яке аз кахрамонхои асосии достонхои «Хусрав ва Ширин» («Фарход ва Ширин»). Прототипи ин образ шахси таърихи, завчаи Хусрави II Парвиз мебошад. Дар «Таърих»-и Феофилакт Симокатта (муаррихи румии ох. а. 6—авв. а. 7) омадааст, ки Хусрави Парвиз Сира (баъдан ин ном ба Шир табдил ёфт) ном румидухтари исавимазхабро с. 592 ба акди никох даровард. Муаррихи армани Себеос (а. 7) зодгохи Ш.-ро Хузистон гуфтааст. Дар як таърихи мачхулулмуаллифи суриёни, ки такр. с-хои 670—680 мураттаб шудааст, Ш. аз кабилаи оромихо мебошад. Манбаъхои дигари таърихи вучуд доранд, ки дар онхо Ш. духтари эрони, озарбойчони, армани гуфта шудааст, вале румидухтар будани у ба хакикат бештар наздик аст. Дар киссаву ривоятхо таъриххои араби ва форсии дари (точики) достонхои ишкии романтикии а-хои 9—12 образи Ш.-и таърихи тахаввул ёфта, ба образхои машхури адаби мубаддал гардид. Мувофики тасвири шоирон — Низомии Ганчави, Хусрави Дехлави, Алишери Навои ва диг. Ш. бародарзодаи маликаи арман Мехинбонуст, ки шохи сосони Хусрав ба у ошик шудааст. Ш. зохиран ва ботинан зебост, аклу заковат, иродаи кави дорад. Вай инчунин шучоу далер аст. Дар мамлакатдори ботадбир, раиятпарвар, накукор мебошад. Бо ташвики у Хусрав ба точу тахти худ сохиб| мешавад. Ш. аз самими дил Хусравро дуст медошт, аз ин ру ишки Фарходро рад намуда, хамсари Хусрав шуд. Ш. дар тарбияи Хусрав, тахаввули маънавии ин шохи ишратпараст ва сабукфикр захмати бисёр кашида, дар охир уро ба адолат ва раиятпарвари расонд. Баъди кушта шудани Хусрав Ш. молу мулкашро ба дармондагону бенавоён таксим карда, дар канори тобути Хусрав худро бо ханчар кушт.
Ад.: Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов Востока. М., 1980.