Маълумоти охирин

ШИЛХА

ШИЛХА, шулха, шулух, шилха, судки, туршак, туруша, турушадк, хуммоз, кав, калдирмох, сурхпой, сурхчуба (Rumex), як чинси гиёххои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи торонихо. Пояаш рост, сахт, сабз, баъзан сурхтоб, камшоха (аз 6 ом то 2 м кад мекашад).

shilkha

Дар дуньё такр. 200 намуди Ш. маълум аст. Дар Точикистон 8 намуди Ш.-и худруй (R. crispus, R. conglomerates R. pamiricus, R. paul-sonianus, R. rechigertanus, R. Halac  nopalensis) – I ро ба хисоб гирифтаанд. Онхо дар аксар нохияхои республика (одатан дар лаби чуйхо, сохили обанбору дарёхо, шибарзамин, маргзор, дашту чангал-800, богу киштзор) нашъунамо меёбанд. Инчунин дар республикаамон ду намудп Ш. (R. асе-toea, R. thyrsiflorus)-po хамчун сабзавот мепарваранд.

Ш. сабавоти хеле кадимист. Бино ба маълумоти Дискуридус (Диоскорид, а. 1м.) Ш. дар замини хосилхез меруяд, богии ва худруй мешавад. Мувофики гуфти Абурайхони Беруни Ш.-и боги як навъ сабзаест, ки арабхо «хуммоз» ва форсхо «туруша», хиндухо «имли» (тухмашро «дила») мегуянд.

Хуммоз ё туршак (R. acetosa, нет. раем), гиёхи бисьёрсолаест, ки то 80 см кад мекашад. Баргхояш пайконшакл ё найзамонанд (баргхои бехи пояаш думчадароз, баргхои кисми болотари поя думчакутох ё бедумча). Гулаш сурхтоб ё сабз. «Чормагзак»-аш серкирраи бурранг.

Туршак дар бисьёр кишвархо, аз чумла СССР тарраи маъмул аст. Oнхоро аз тухмаш меруёнанд (дар як чой якчанд сол месабзад). Туршакро ба замини сернами хосилхез мекоранд. Тирамох ба замин пору меандозанд. Агар тухми онро аввали бахор коран д, баъди 3 мох (агар тобистон кишт кунанд, бахори соли оянда) хосил (барг) мегиранд. Дар мамлакати мо дар сол такр. ба 18 хаз. га туршак мекоранд ва аз хар га 100— 150 ц хосил мегундоранд. Туршакро чун хуриш ва дар таом истеъмол мекунанд. Баргаш сервитамин (то 115 мг% витамяни С ва 8 мг% каротин, инчунин витамини В») аст.

Хусусияти давоии туршак аз кадим маълум аст. Абуалии Сино шираи хуммозро чун захрарон, бехашро барои майда кардани санги гурда, тухмашро хангоми табобати захми меъда, исхоли кухан ва г. истифода бурдааст. Мухаммад Хусайн дар «Махзан-ул-адвия» (с. таълиф 1776) ояд ба туршак навиштааст, ки «Мазмаза ба усораи он (яъне бо ширааш дахонро чайконидан) чихати таскини дарди дандон ва чарохати дахон нафъовар. Чихати яракон, таквияти чигар, илтихоб… ва рафъи саммияти (захри; акрабгазида нофеъ. Ва пухтан он табъро нарм кунад ва чихати он муфид… Зимоди сумок хурдани он муфид… Зимоки пухтан он бо шароб чихати ханозир ва варамхои баногуш ва чараб ва барас ва кубо…». Сайид Субхонкулии Мухаммад Баходурхон дар «Эхьё-ут-тибб» (соли китобат 1691) гуфтааст: «… агар як мискол бехи вай (хуммоз) бикубанд ва бо рубоъи себ бисиришанд ва бинушанд реши руда ва исхолро нофеъ бувад».

Ш.-и худруй низ хусусияти шифобахши дорад. Дар амалияи тиб бо накеъ ва киёми бехаш (R. confer-tus) шахсони гирифтори коллит ва энтероколитро табобат мекунанд.

Решаву решапояи Ш.-ро, ки 6— 20% моддахои даббоги доранд, барои ош додани пуст истифода мебаранд.

Ад.: Мунтахаб aз рисола ва лугатхои тибби кадим, Д., 1971; Вехов В. Н [ва диг.]. Культурные растения СССР, М., 1978.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …