Маълумоти охирин
Главная / Илм / СХОЛАСТИКА

СХОЛАСТИКА

СХОЛАСТИКА (аз юнониscholasticos — мактаби, олими), як равияи маъмули фалсафаи асримиёнагии Европаро гуянд. Бунёдаш аз далелу бурхонхои мавхуми мантики иборат аст, ки ба максади собит кардани ахкоми дини масехи ба тарзи сунъи сохта шудааст. Ба Схоластикаи ибтидои (асрхои 11—12) гояхои афлотунияи августини таъсир кардааст. Шиори асосии Анселми Кентербери «эътикоди хирадчу», рационализмро ба фидеизм тобеъ карда, гояи асосии фалсафаи схоластиро ташкил дод. Аз ин ру, назарияи фалсафаи схоласти баъдтар пайдо шуда бошад хам, дар таърихи фалсафаю дин Анселми Кентербериро аввалин схоласт мешуморанд. Дар ин давра дар боби универсалияхо (умури кулли) бахсогоз ёфта, равияхои реалистию номиналисти ба вучуд омаданд ва ба реализми схоласти номинализму консептуализми Абеляр мукобил гузошта шуданд.

sxolastika

Алберти Кабир. Фомаи Аквини ва Сигери Брабанти намояндатони Схоластикаи баркамоли асрхои миёна ва Иоанн Дунс Скот, Уилям Оккам намояндагони Схоластикаи мутааххир мебошанд. Инкишофи тамаддуни мамлакатхои Европаи Шарки дар асрхои 13—14 ба фалсафаи схоласти накши худро гузошт, ки заминаи асосии онро афкори илмию фалсафии Шарки Наздик ва Миёна ташкил медод. Папа Пии V дар асри 15 Фомаи Аквиниро яке аз асосгузорони калисои католики эълон карда бошад хам, томизм мавриди танкиди чараёнхои гуманисти карор гирифт. Баробари инкишофи системаи фалсафии Схоластика дар дохили он чараёнхои оппозисиони ба вучуд омаданд. Минбаъд доираи фаъолияти равияхои оппозисиони васеъ шуд, ки он заминаи давраи нави просесси таърихию фалсафи — Ахди чадид ба шумор меравад.

Дар асрхои 16—17 дар Испания кушишхои тачдиди таълимоти схоласти ба амал омада бошад хам, маорифпарварон назарияи хакикати дутинаро пешниход номуданд, ки мохиятан ба мукобили таълимоти схоластии таносуби эъткоду акл равона шуда буд.

Пайдоиши чараёнхои мухталиф дар ислом, аз кабили муътазилия, ашъария ва гайра дар Шарки асрхои миёна боиси ба вучуд омадани фалсафаи схоласти гардид, ки он бо номи калом машхур аст. Мавзуи асосии бахси он зоту сифатхои худо, офариниши олам, нубувват ва чазою сазои охират мебошад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …