Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САРВАТИ МИЛЛИ

САРВАТИ МИЛЛИ

САРВАТИ МИЛЛИ, мачмуи неъматхои моддие, ки дар ихтиёри чамъият аст. Вобаста ба тарзи истехсолот Сарвати милли дар ихтиёри чамъият ё дар дасти синфхо, гуруххо ва шахсони алохида буда метавонад. Дар давраи капитализм кисми зиёди Сарвати милли дар дасти синфхои истисморкунанда аст. Дар давраи сотсиализм бошад, Сарвати милли ин мачмуи захираи неъматхои моддии дар натичаи мехнати наслхо бавучудомада ва ба гардиши хочаги чалб намудани захирахои табии мебошанд.
Тачрибаи истехсоли ва илмию техникии мехнаткашон дар инкишофи Сарвати милли макоми махсус дорад. Тамоми неъматхои моддии дар натичаи мехнат офаридашуда вобаста ба ахамияти худ дар хаёти иктисодии чамъият ба кисмхои зерин чудо мешаванд: 1) фондхои асоси ва гардони истехсолии хочагии халк (бинохо, иншоот, машинахо, тачхизот, ашёи хом, масолех, сузишвори ва гайра); 2) захирахои моли (махсулоти тайёре, ки дар анборхои муассисахои сотсиалистию ташкилотхои савдои вучуд доранд) ва сугуртавии хочагии халк; 3) фондхои гайриистехсоли; 4) моликияти шахсии ахоли; 5) ба просесси такрористехсолкуни чалб намудани неъматхои табии — майдонхои хочагии кишлок, чангалхо, обхо, канданихои фоиданок, захирахои энергияи оби ва гайра. Дар давраи сотсиализм Сарвати милли ба тамоми чамъият ё ба коллективхои алохидаи мехнати ва ташкилотхои чамъияти ва ё ба хонавода ва аъзоёни алохидаи чамъият тааллук дорад. Сарвати милли баробари тараккиёти истехсолоти ‘чамъият, афзудани фондхои андухт ва истеъмол ва дигар сохахои хочагии халк инкишоф меёбад. Афзоиши Сарвати милли дар замони сотсиализм барои зиёд кардани хосилнокии мехнат ва баланд бардоштани дарачаи некуахволии моддии мехнаткашон мусоидат мекунад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …