Маълумоти охирин

ШАРИАТ

ШАРИАТ (ap.—конун, хукм), 1) дар ислом, мачмуи коидаю конунхои дини, нормахои ахлоки, гражданию сиёси ва чиноиест, ки барои хамаи мусулмонон вочиб буда, гуё муъминонро аз шар ва гумрохи амин медоштааст. Асоси Шариат ва маънои истилохии он дар сураи «чосия»-и Куръон, таъкид шудааст.

shariat

Манбаи асосии Шариат Куръон, суннат, киёс, ичмоъ, фатво ва одат мебошад. Аз байни онхо Куръон ва суннат манбаи асоси ба шумор рафта, дигар манбаъхо бояд ба гояи асосии онхо мувофикат кунанд. Аз ин ру, доираи фаъолияти муташарреон (конунгузорон)-и исломи нисбатан махдуд буда, танхо масоили хукукиеро мустакилона хал карда метавонанд, ки дар бораи онхо дар Куръон ва суннат ишорае нашудааст.

Аввалин бор чунин мачмуи коидаю конунхои шаръию диниро асосгузорони мазхаби суннии ханифияю моликия ва шофеияю хаанбалия мураттаб карданд. Минбаъд дигар намояндагони равияю мазхабхои дини онро тагйиру такмил доданд. Бинобар он системаи хукукии Шартиати ахли суннату шиа дорои баъзе тафовутхо бошад хам, хамаи онхо доир ба масъалахои умдаи шаръи акидаи муштарак доранд.

Ахкоми Шариатро маъмулан ба ду гурух — ахлоки дини ва хукуки чудо мекунанд. Асоси ахлоки диниро аркони дин — калимаи шаходат, намозг, руза, закот ва хач ташкил медихад. Асоси хукукии Шариат муносибатхои оилавию сиёси ва шаръи мебошад, ки ба он хукуки молумулки, мероси, амонату замонат, кафолат ва чиноию граждани, истифодаи замин ва г. дохил мешаванд. Аввалхо тамоми умури шариат бо амру нахй ё худ халолу харом марбут буд. Баъд он нисбатан такмил ёфта, ба 5 нуктаи асоси чудо шуд: фарз ё вочиб — рафтору кирдорест, ки мутобики онхо амал кардан савоб ва тарки онхо икоб (гунох) аст ва барои хамаи мусулмонон хатмист: мандуб — рафторест, ки ичрои онхо савоб буда, таркашон гунох нест; мубод ё чоиз — мачмуи рафторест, ки Шариат ичрои онро амру нахй нафармудааст; макрух — рафторест, ки мувофики Шариат гунох набошад хам тарки онхо пешниход мешавад; харом—афъолест, ки Шариат ичрои онхоро гунох шуморида, ба он чазохои гуногун таъин кардааст. Бо сабабхои гуногун ва дар шароити муайян хукми шаръи тагйир ёфта, баъзе умури харом гохе мубод, гохе мандуб, гохе макрух ва гохе вочиб дониста мешавад.

Шариат дар тамоми давраи асрхои миёна дар мамлакатхои Шарки мусулмони роли халкунанда бозида, манфиати синфи хукмронро химоя намудааст ва ба истисмори халки мехнаткаш мусоидат кардааст. Он дар тамоми сохахои хаёти ичтимоию мадани реша давонида, хатто ба бисьёр масъалахои оилаю рузгор ва хаёти рузмарраи мехнаткашон таъсири манфи расонда, мавкеи рухониён ва зимомдорони хокимиятро мустахкам намудааст.

Баъди галабап Рев. Каб. Соц. Октябрь дар республикахои Шарки Совети Шариат мавкеи хукмронии худро аз даст дод ва ба чои он конунхои нави социалисти дар амал чори шуданд. Дар мамлакатхои тараккикардаи Шарки мусулмони бошад, аз а. 19 cap карда системаи хукуки буржуази ба Шариати исломи ислохот даровард ва холо ин чараён бештар идома дорад. 2) яке аз зинахои асосии тасаввуф мебошад, ки онро бояд солик хангоми гуазштан аз зинахои сайру сулук пеш аз тарикат тай кунад. Ниг. низ. Фикх.

Ад.: Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л., 1966; Муллаев М., Происхождение и реакционная сущность шариата, Д., 1967; Маялютов Р. Р.. Ислам, М., 1969; Керимов Г. М., Шариат и его социальная сущность, М., 1978; Масса А., Ислам, М., 1982.

Х.Наккош, М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …