Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРГИНГЕЛОНХО

САРГИНГЕЛОНХО

САРГИНГЕЛОНХО, саргинхуракхо, як гурух гамбусакхоеро гу- янд, ки ба оилаи лавхачамуйлабхо мансубанд. Якчанд зерсиларо дар бар мегиранд. Андозаашон 3—70 миллиметр; рангашон бур ё сиёх, баъзан чилои металли дорад. Аксари кирминаю гамбускхои болиги ин гурух саргин, баъзеашон часади хайвоноти мурдаро мехуранд, баъзеи дигарашон бошанд, растанихуранд. Саргингелонхои модина дар саргини хайвонхои ширхур тухм мегузоранд. Бо ин максад аксари онхо тудаи ахлоти дар руи замин бударо истифода мебаранд; кисми дигарашон бошанд саргинро гелонда ба монанди нок ё тухм кулула мекунанд (номашон аз хамин чост) ва онро ба зери хок мегуронанд. Баъд ба тарафи бориктари он як дона тухм мегузоранд. Аз тухм кирмина пайдо мешавад ва баъди 3 маротиба тулак кардан ба зоча табдил меёбад. Баъзе намудхои Саргингелонхо насли худро то баромадани гамбускхои чавон посбони мекунанд. Саргингелонхо соле 1—2 маротиба насл медиханд. Дар дунё зиёда аз 6000 намуди Саргингелонхо маълум буда, бисёрии онхо дар Мамлакатхои тропики пахн шудаанд; дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР 450 намудашон дида мешавад. Дар Точикистон якчанд намуди Саргингелонхо, аз чумла Сор- Т18 Ызрапиз, ОпНосеНиз раШрез. О. !и1уиз, ВсагаЬаеиз засег (нигаред, расм) ва гайра зиндаги мекунанд. Саргингелонхо дар табиат чун санитар (начосатро ба зери хок мегуронанд) ахамият доранд. М. Нарзикулов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …