ШАРБАТ, нушобаи ширин, шираи мева, ки канд ё шакар дар он омехта мешавад. Навъхои гуногуни Шарбат маълуманд:
Шарбати анор. Донаи анорро 10—15 дакика дар об чушонида мегиранд. Сипас онро хунук карда, мефишуранд, то ки обаш чудо шавад. Ба оби анор шакар ё шира андохта, дар холати хунукиаш менушанд.
Шарбати зардолу. Зардолуро шуста, аз донакхояш тоза мекунанд. Баъди фишурда обашро чудо намудан ба он шакар хамрох карда, 4—8 соат дар зарфе андохта мемонанд. Баъд ба он оби чуш андохта, хуб меомезанд. Шарбатро дар хунукиаш менушанд.
Шарбатии ангур. Барои пухтани Шарбат ангури нимпазро шуста, аз думчахояш тоза мекунанд. Баъд онро ба зарфи сирдор андохта, дар об 15— 20 дакика мечушонанд. Пас аз хунук шуданаш фишурда обашро чудо мекунанд ва ба он шакар андохта, боз 5—6 дакика мечушонанд.
Шарбати лиму. Аввал аз шакар Шарбат тайёр мекунанд ва баъд ба он оби лимуро меандозанду 2—3 дакика мечушонанд.
Шарбати кулфинай. Кулфинайро аз думчааш тоза карда, дар оби хунук мешуянд. Баъд онро фишурда, обашро мегиранду ба он шакару оби чуш андохта, дар оташи паст —3 дакика мечушонанд.
Шарбат олуболу. Олуболуи тару тозаро аз думчахояш тоза карда фишурда обашро мегиранд. Баъд ба он Шарбати пешаки аз шакару оби чуш тайёркардаро хамрох мекунанд.
Шарбатро аз мевачоти дигар хам тайёр метавон кард.